Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Баҳром дари мошинашро кушод. Нигоҳаш ба назари пирамарди нуронӣ дармонд.
— Салом, – гуфт Баҳром.
— Салом, писар. Чӣ хел шумо? – чеҳраи Баҳром ба ӯ шинос намуд, ки бо вай ҳамгап шуд. Ба Баҳроми нависанда ин хел ҳолатҳо бисёр рӯй дода. Қарибе сари ҳар қадам дар роҳҳо, гулгаштҳо ва ҷойҳои серодам мардум вайро мешиносанд, салом медиҳанд. Мухлисон, одамоне, ки ӯро дидаанд ва ё дар борааш шунидаанд...
— Куҷо меравед? – пурсид Баҳром.
— Мо, писар, ҷониби километри нӯҳум. Шумо-ку ба ҳамон тарафҳо равона нестед?
— Биёед савор шавед, то комбинати полиграфӣ мебарам.
— Кошкӣ, ҳамин тавр кунед, худоё барака ёбед. Занак, пирамард халтаҳои калон-калон наздаш гузошташударо бардошта ба ҳамсараш муроҷиат намуд: – Чӣ истодӣ? Магар нафаҳмидӣ? Додарам, – Баҳромро боз додар гуфт ӯ, – ҷеғ доранд, ба мошинам савор шавед, мегӯянд. Ҷунб, зуд бош, аз Худо барака ёбанд. – Пирамард Баҳромро дуои нек карда бору бунашро ба мошин ҷой кунонд. Ҳама ба мошин савор шуданд.
— Оббо, писаре, ба ҳафт пуштатон раҳмате, барака ёбед, пирамард ба мошин нишаста худ ба худ ҳарф мегуфт: – Хело интизор шудем, мошин нест, автобус намегардад. Хайрият шуд. Писар, пурсидан айб нест, шумо дар полиграфкомбинат кор мекунед? – Барои он ки мусоҳибаш сухани ӯро шунавад, болои сари Баҳром хам шуд.
— Не, амак, ман дар нашриёт кор мекунам.
— Шумо нависандаед? – ғайричашмдошт суол дод пирамард ба Баҳром ва давом намуд: – Исми шарифатон чӣ? Чеҳраатон шинос. Агар саҳв накунам, шуморо дар ким-куҷо дидаам.
— Дар телевизор, – духтараки пирамард, ки дар паҳлӯи модараш ҷафс шуда нишаста буд, пичиррос зад.
— Ҳа, дар телевизор дида будем. Шумо ҳам китоб менависед? – гӯё даҳони пирамард гарм шуда буд.
— Ҳа, амак.
Пирамард лаҳзае хомӯш монд, ба фикр афтод.
— Шумо Баҳром Фирӯз ном надоред? – ногоҳ номи Баҳромро ба забон овард ӯ.
Баҳром ба ақиб, ба рӯйи мусоҳибаш назар андохт. Пирамарди нуроние, дар сараш тӯпии чортаркаи фарғонадӯхт, риши сафедаш батартиб бо тариқи зебо қайчӣ зада, чашмонаш медурахшиданд.
— Шумо китоб мехонед? – нависандаро пирамард гӯё ба ҳайрат оварда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор