Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Сайидалӣ дарро кушод. Танҳо набуд, шоир Нарзулло Тиллозода ҳамроҳаш.
— Хабар доред? – бо дили пурандӯҳ давом намуд Сайидалӣ. – Баҳром Фирӯз аз олам гузаштааст.
— Баҳром Фирӯз фавтидааст?! – Аз шунидани ин хабар ҳамаамон гӯё карахт гашта будем. Ёрои лабкушоиамон намонд. Чӣ хабаре буд, ки он пагоҳ шунидем. Садои занги телефон баланд шуд. Гӯшакро бардоштам. Аз Иттифоқи нависандагон Абдураҳмон Абдуманнонов маро мепурсид:
— Баҳром гузаштааст, – бо ҳасрат тасдиқ намуд хабари марги ӯро ва фармуд, ки барои рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» мақолае нависам. Охир Баҳром ҳамкорамон буд.
Розӣ шудам ва гӯшаки телефонро гузоштам.
Баҳром Фирӯз дар бораи қиссаю ҳикояҳоям мақолаҳо навишта буд, ҷонибдориам мекард, шахсе, ки борҳо дар зиндагӣ дастгирам гашта. Акнун рӯзе омада, ки ман аз маргаш нависам? Наход қарзамро дар рӯзҳои мотами вай ба ҷо меорам? Ба хотир меовардам Баҳромро, акнун аз ӯ бароям ёд монда, суратҳои бо ҳам гирифта, номаҳо, навиштаҳояш монда...
ЯК ҲИКОЯ
Чанд рӯз боз Баҳром дастнависеро дар хона мехонд. Мӯҳлати
ба чопхона супурданаш гузашта. Муҳаррирони техникӣ норизоӣ доштанд. Гапу ҳарф то ба сарвари нашриёт мӯҳтарам Собир Хоҷаев расид. Он кас маро наздашон хонданд. Супориш шуд, ки дастнавис ба дераш то баъди зуҳр ба чопхона фиристода шавад.
Ба хонаи Баҳром сим задам. Ӯро пайдо намудам. Гуфт, ки ҳамин лаҳза ба роҳ мебарояд. Вале рӯзи кӯтоҳи тирамоҳ бегоҳ мешуду аз Баҳром дараке набуд. Ба хонааш боз сим задам. Кимкайҳо баромада будааст, пиёда не – савори мошинаш.
Чӣ гап шуда бошад? Дар ташвиш афтода будам.
Баҳром, вақте, ки ҳама аз кор мебаромад, ба нашриёт омад. Чеҳрааш пуртабассум.
— Кароматулло, ба деҳаҳои шумо рафта будам, аз Теппаи Самарқанд омадам. Бовар намекунед?
Аз рӯйи нақли Баҳром воқеа ин тавр рух дода будааст.
Сари роҳ ба бозори Шоҳмансур даромаданӣ буд Баҳром. Мошинашро назди дарвоза монд. Аз растаи нонфурӯшон гузашт. Мева гирифтанӣ буд. Ноку биҳӣ ва ангур харид. Халтаи пури меваҳо дар даст аз бозор баромад. Назди мошинаш омад. Пирамарде пеши он меистод. Як писараку духтаре ҳамроҳаш. Зане ҳам бо вай истода. Харидҳои зиёде доштанд. Аз афташ, интизори мошин буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор