Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Одат мекунед, – гуфт ӯ ва бо ханда афзуд. – Шахсан маро акнун ба вазифаи сармуҳаррири рӯзнома ҳам гӯянд, намеравам. Андаке кор кунед, баъд мефаҳмед.
Ин суханони Баҳром аз ёдам намераванд, гӯё дирӯз ӯ ба ман таъкид карда буд. Рост гуфта будааст, Баҳром.
Баъди таъсиси нашриёти «Адиб» мо боз бо ҳам кор кардем. Баҳром мудири шӯъбаи адабиёти муосир буд.
Ҳаёт дар Душанбе, дар ҷумҳурӣ ноором шуд. Кушторҳо сар заданд. Баҳром мехост аз ин ҷанҷолҳо дуртар бошад, чи хеле мегӯянд, мехост на бинаду на сӯзад. Дилаш аз ҳама ин низоъҳои бемаънӣ озурда гашта.
Ба рухсатӣ баромад, баъд чанде дар рухсатии бемузд гашт. Минбаъда рӯзҳояш дар шаҳри Хуҷанд, пеши азизону наздикон мегузашт, он ҷо зиндагӣ ихтиёр намуд.
Гоҳе ба Душанбе меомад, ба нашриёт медаромад. Ӯ занбӯри асалпарвар буд. ҳунаре дошт. Аз асал май мегирифт, майи болаззату боқудрат. Боре ба хабаргириамон омада пас аз хело ҳолу аҳвол пурсиданҳо шишае аз майи асалӣ болои миз монд. Сайидалӣ, Қутбӣ, Ҳайрат, Раҷаб Мардон, Ҳоҷӣ ва дигару дигаронро суроғ намуд. Ҳама ҷамъ омаданд. Гӯё дар он лаҳзаҳо Баҳром моҳ буду мо ситорагон дар атрофаш. Аз Хуҷанд, аз кору бори эҷодии адибони хуҷандӣ нақлҳо менамуд, ҳоли моро мепурсид.
— Биёед як лаҳза ҳамин дунёи пурғавғоро аз хотир барорем, – гуфт. Бо хоҳишаш даҳони шишаро кушодем ва газакҳои овардаашро ҳам пешамон овард. Сӯҳбатамон гарму нарм, ширину асалин мегашт.
Дар сафари охиринаш ҳам ба Душанбе Баҳром ба нашриёт омада буд. Дар ҳуҷраи ман бо ҳам хеле нишаста будем. Сӯҳбат доштем бо Баҳром. Сӯҳбати ширину гуворо, сӯҳбати вопасину охирин.
Ӯ дар Хуҷанд буд. Аз мо дур, лекин диламон пур, ки имрӯзпагоҳ ӯ боз ба Душанбе бармегардад, ҳамроҳамон мешавад, бо ҳам кор мекунем.
Вале ҳайҳот, умедамон хато будааст. Аҷал аз пайи гусастани риштаи умри Баҳром Фирӯз афтодаю мо бепарво. Аҷал ва ё чӣ тавре гӯянд, фалаки каҷрафторро чӣ парвое.
Ҳамон рӯзи душанбеи 26-уми сентябри соли 1994 бармаҳал ба идора омада будам. Дари ҳуҷраамро кушода пеши тиреза истодам. Рӯ ба кӯча, рӯ ба шоху навдаҳои дарахтон, рӯ ба офтоб. Рангҳои сурхчатоби офтоб болои баргҳои заъфаронии дарахтон медавиданд. Манзараи тирамоҳ. Баргҳо, нурҳои офтоб ранги дигар гирифта. Қутбӣ Киром, ҳамкорам Фарҳод Каримов вориди ҳуҷраам шуданд. Аз рӯзҳои истироҳат, ки шанбею якшанбе дам гирифта будем, аз рӯйдодҳои хушу нохуш, аз шунидаҳоямон ба ҳам нақл менамудем. Ҳамин хел рӯзҳо омада буданд, ки хабарҳои нохуш беш мешунидем, ошуфта мегаштем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор