Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Мулло Баҳром, медонам, айби Кароматулло аст, ба ман гуфтанд. Шумо ин касро боз дастгирӣ намудед. Минбаъд ҳушёр шаванд, хуб кор кунанд, ба қадри некӣ расанд. Ман, Баҳром, ба шумо қоил, аз шумо омӯхтан лозим. – Абдулло Зокиров ба Баҳром таҳният хонд. Хурсанд буд ва ба ман нигарист: – Ба шумо ҷавоб, аз пайи кор шавед. Ба ҷои шумо Баҳром ҷазо мегиранд, – гуфт бо ханда муҳаррир.
Баъди ин воқеа назди Баҳром худро қарздор барин ҳис менамудам. Кӯшиш мекардам, ки хабару мақолаҳои мухбирон, очерку лавҳа ва ҳикоятҳои ба шӯъба омадаро бесаҳву хато ба чоп ҳозир орам, худам нависам, Баҳромро шод гардонам.
То он рӯзҳо бо Баҳром Фирӯз хуб шинос набудам, асарҳояшро хонда будам, гоҳе вомехӯрдам бо ӯ. Сӯҳбат мекардем. Аммо дар давоми ҳамкорӣ чӣ гуна шахсияти неку хайрхоҳ будани вай маълум мегашт.
Ӯ ба ҷойи худашро сафед кардан, ки одати гӯё модарзодии аксари мардумон аст, гуноҳи маро ба дӯш гирифт. Дар давоми солҳои зиёди минбаъдаи дар рӯзномаҳо заҳмат бурданҳо, бо ҳамқаламон ҳамнишинӣ намуданҳо кам одамонеро дучор омадам, ки дар мавридҳои зарурӣ, душвор дӯстону наздиконашонро одилона дастгирӣ намуда бошанд. Баръакс, дӯстонеро медидам, ки гуноҳи нокардаро ба дӯши якдигар мемонданд, худро сафед ва дар чашми калоншавандаҳо ширин мекарданд.
Баъди чанд муддати ҳамкориамон Баҳром Фирӯзро ба идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор даъват намуданд. Бо тавсияи ӯ вазифааш дар рӯзнома ба ӯҳдаи ман гузошта шуд. Хело солҳо баъди Баҳром дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» мудири шӯъбаи пропаганда ва агитатсия будам.
Бо Баҳром боз дар нашриёти «Маориф» ҳамкор шудам. Ба ин ҷо маро ба вазифаи мудири шӯъбаи адабиёти бачаҳо ва наврасон оварда буданд. Баҳром яке аз муҳаррирони шӯъба. Дар нашриёт – дар ҷои кори нав ӯ бароям шахси наздик, шинос. Бо гардиши айёму тасодуф баъди 15 сол мо боз бо Баҳром ҳамкор.
Хурсанд набудам, ки аз рӯзнома ба нашриёт ба кор омадам. Боре ғарқи хаёл дар долони нашриёт қадам мемондам, Баҳром аз пешорӯ меомад.
— Аҳволҳо чӣ тавр, Кароматулло? – гап андохт ӯ.
Ба Баҳром дари дил кушодам. Гуфтам, аз он ки ба нашриёт ба кор омадам, пушаймонам. «Рӯзнома нағз», – ҳасрат намудам. Баҳром хандид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор