Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаррирро мепурсанд. Ӯ омад. Маҷлиси ғайринавбатӣ ва ғайричашмдошт даъват шуд. Бо айби ман, корманди нави рӯзнома, нооромӣ ба амал омад. Кумитаи марказии комсомол аз муҳаррир баёнот хоста буд. Гӯё саҳв саҳл набуда, саҳви сиёсӣ, аз ғараз ва боз аз ким-чӣ гуна афкор ба амал омада.

Мани гунаҳгор бо сари ҳам менишастам. Пас аз чанд лаҳза маҷлис. Чӣ ҷавоб бигӯям? Ба рӯйи аҳли рӯзнома, ки ба ҳуҷраи муҳаррир ғун меоянд, чӣ гуна менигарам? Ҳанӯз маро ба онҳо нашиносондаанд. Аз афташ, маълуми ҳамагон менамояндам, ки корманди нави рӯзнома ҳастам, бо айби ман хато гузашта, барои ин муҳокимаам мекунанд. Баҳром ҳам аз туфайли ман гапшунав.

Баҳром наздам омад. Болои сарам меистод ӯ.

— Бо вуҷуди ин қадар ҷонкоҳӣ хато шудааст-а?

— Ҳа, бо айби ман.

— Ин тавр нагӯед, хафа нашавед, минбаъд ҳушёр мешавед, баъд одат кардан лозим, аз ҳар корманди рӯзнома хато мегузарад, аз муҳаррир ҳам, – гуфт Баҳром ва чеҳраи зебояш аз табассум пурнуртар гашт.

Маҷлис сар шуд.

— Дидед, Баҳром, гуфта будам, ки Кароматулло ҳоло камтаҷриба, мо дигар фикр доштем. Вале Шумо ба миён даромадед, ба шӯъбаи худатон гирифтед, кафил шудед. Ана акнун ҳамаамон ҷавоб мегӯем, ҷазо мегирем, – муҳаррир бо димоғи сӯхта ба сари Баҳром ғурбат намуд.

— Кароматулло гуноҳ надоранд, – гуфт бо қатъият Баҳром.

— Ман гунаҳгорам? Айби ман! Ба Кумитаи марказии комсомол ҳамин тавр ҷавоб гӯем? – муҳаррир оташин гашта буд.

— Ин саҳифаро Кароматулло нахондаанд. Худам гуфта будам нахонанд. Айби ман.

— Кӣ хонд?

— Худам хондам, хато гузаштааст, – гуноҳи азими маро Баҳром ба гардан гирифт. Азбаски Баҳром миёни ҳамкорон, назди муҳаррир обрӯи баланд дошт, аҳли маҷлис ҳама сокит монданд. Муҳаррир ҳам ҳарфе нагуфт, танҳо як нигоҳе ҷониби Баҳром афканд.

Ҳама аз ҳуҷраи муҳаррир мебаромаданд. Ман низ дар ҳолате, ки аз рафтори олиҳимматонаи Баҳром дар ҳайрат монда, чӣ гуфтанамро намедонистам, аз паҳлӯи ӯ бархостам.

— Шинед, – шунидам овози муҳаррирро. Баҳромро ҳам нигоҳ дошт ӯ. Сукунате ба амал омад. Аз афташ, аз як муҳокима халос ва ба муҳокимаи дигар дучор шуда будам. Чӣ мегуфта бошад муҳаррир?

пешина
аз 94
навбатӣ