Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Боре телефонӣ маро ба хонааш даъват намуд. Дар рӯйи мизи ӯ мусаввадаи китоби бачагонаи ман «Се кулчаи танӯрӣ» мехобид. Баҳром ба ман эрод гирифт ва дар бораи чи гуна будани адабиёти бачагона сухан ронд, ки то ҳанӯз аз хотирам нарафтааст. Ман даставвал ранҷидахотир шудам. Ба хона омадаму чанд рӯз андеша кардам ва дарёфтам, ки эродҳои ӯ дурустанд. Вай ҳамчун муҳаррири нашриёти «Адиб» наметавонист, ки ба маҷмӯаи ман сарсарӣ назар кунад. Виҷдонаш ба ин роҳ намедод.
«Се кулчаи танӯрӣ»-и ман бо сифат ва мазмуни хуб ба чоп расид ва ман соли 1994 барои ин маҷмӯа сазовори ҷоизаи давлатии адабии Рӯдакӣ шудам.
Дар як рӯзи боронии баҳор аз собиқ бинои Иттифоқи нависандагон (ҳоло ин ҷо хадамоти раводид ва шиносномадиҳии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҷойгир аст) баромада, ба куҷое рафтанӣ будем, ки аз пеш устод Мирсаид Миршакар омаданд. Баъди саломуалейк ба Баҳром гуфтанд:
— Аз «Садои Шарқ» ҳикояатро хондам. Гирумонат нағз. Агар ҷиддитар машғул шавӣ, комёб хоҳӣ шуд. Ба Турсунзода ҳам гуфтам.
Баҳром ба устод изҳори сипос кард ва вақте ки дуртар рафтем, гуфт:
— Ҳикояи «Бобо»-и ман ба бисёриҳо маъқул шудааст. Ба ман мегӯянд, ки ба насрнависӣ машғул шавам.
Ман бо шӯхӣ гуфтам:
— Чаҳорчӯбаи назм тангӣ кард, гӯед.
— Воқеан, наср чизи тамоман дигар аст. Ҳарчанд дилам ба шеър кашол аст, мехоҳам бештар ба наср машғул шавам, – гуфт Баҳром андешамандона.
Сухани устод Миршакар пайғамбарона будаанд. Баҳром ҷиддӣ ба наср дил баст ва ба мо ҳикояҳои дилнишин, қиссаҳои « Рухсора», «Тору пуд», «Ту танҳо не», «Ситораи думдор», «Тарма», «Агар вай мард мебуд» ва ғайраҳоро эҳдо намуд.
Баъзе ҳикоя ва қиссаҳои нависанда ба забонҳои дигар тарҷума шудаанд ва Баҳром аз ин хусус бо ифтихор сухан меронд.
Бояд зикр кунам, ки Баҳром ба шеър ҳам бевафоӣ накард, то поёни умри кӯтоҳаш пайваста шеър мегуфт ва хуб мегуфт. Аммо ҷою манзалати шоистаи адабии худро тавассути наср пайдо кард.
Соли 1991, вақте ки ба ман ҷоизаи ба номи устод Турсунзода ва ба Баҳром ҷоизаи ба номи устод Айниро доданд, мо аввалин барандагони ин ҷоизаҳои навтаъсис Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор