Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо чӣ кардед?-ногоҳ пурсид духтаре.

— Ман дар зодрӯзи дилбарам гулдастаҳои зиёде харидам ва кӯчаашонро гулпӯш кардам. Ҳамчуноне ки дар «Рухсора» ҳаст!


Баҳром дар шӯъбаи танқиди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекард ва маро пайваста ташвиқ менамуд, ки ба танқиди адабӣ машғул шавам. Тақризҳое, ки ман ба қиссаи Сорбон «Шинел», қиссаи Ибод Файзулло «Дур аз фронт» ва китоби тарҷумаи шеърҳои Адам Митскевич (тарҷумаи Қутбӣ Киром) навишта будам ва онҳо дар «Садои Шарқ» чоп шуданд, самараи ҳидояти Баҳром буданд.

Боре Баҳромро мушавваш дидам.

— Чӣ гап?

— Эҳ, ман! Қариб дар ноҳияи шумо шаҳид шуда будам.

Баъд, ӯ нақл кард, ки дар даромади деҳаи Такфон (ноҳияи Айнӣ) мошини «Москвич»-аш ба мошини боркаш бархӯрдааст. Хайрият, ки зану фарзандонаш осеби сахт надидаанд. Худаш каме зарб хӯрдааст. (Бояд зикр кунам, ки чанд сол баъд маҳз дар ҳамин ҷо «Волга»-и устод Лоиқ ҳам ба садама дучор гардид.)

— Кори шудагӣ шуд, – гуфт ӯ. – Аммо ман аз ҳаромкорӣ ва гурусначашмии нозирони роҳ сахт хафа шудам.

— Мавзӯи тайёр.

— Аз куҷо медонӣ, ки ман ҳоло чизаке навишта истодаам?

— Медонам. Чунки шумо мисли баъзе нависандаҳо сужетро зӯракӣ намебофед, балки онро аз ҳаёт гирифта, зинда, гиро ва равшан менависед.

Воқеан, баъди чанде қиссаи «Тору пуд»-и Баҳром ба миён омад ва аз байни нозирони роҳ бадхоҳон ҳам пайдо кард, ки ин ҳикояти дигар аст.

Дар бораи ин қисса устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ солҳо баъд навишта буданд:

«Масъалаи масъулиятшиносии шахс ва ҷамъият дар «Тору пуд»… ранги дигар гирифт ва такмил ёфт. Нависанда акнун барои падидаҳои ҳаромкорӣ, бетамизӣ, худсарӣ, бемаънавиятӣ на фақат худи онҳоеро, ки ин хислатҳо аз онҳо сар задааст, на танҳо ҳар шахси ҷудогона ё як гурӯҳ мардумеро, ки расвоиҳоро дида, чашм мепӯшанд, гунаҳкор медонад, балки масъалаи ҷавобгарии махсуси масъулони расмиро пеш гирифтааст».

Ман бисёр ҳикояву қиссаҳо ва романи «Ғафлатзадагон»-и ӯро хондаам. Бисёр мақолаҳои амиқи публисистии ӯ дар ёдам ҳаст. Ҳамин баҳои устод Шакурӣ ба тамоми эҷодиёти Баҳром хос аст. Вай адиби яксухану якрӯ буд, дар зиндагӣ ва дар кор ҳам чунин рафтор мекард.

пешина
аз 94
навбатӣ