Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ногоҳ Баҳром ба шӯр омад:

— Кадом беадабӣ? Оё шумо медонед, ки адаб чист?

— Пӯшед даҳонатонро! – дод зад муҳаррир.

Ман, ки нав ба рӯзнома ба кор омада будам ва ҳанӯз рӯҳияи коргоҳро дуруст намедонистам, аз ҷо бархостаму гуфтам:

— Ошиқ шудан магар беабадист? Шоир гуфтааст: «Бадномии ишқ номдорист!»

Ба ваҷоҳати муҳаррир назар кардаму тарсидам: ду чашмаш аз косахона гӯё берун ҷаҳида буданд!

— Шин ба ҷоят!-тоқат накард сардор. – Шоир чунин гуфтааст, чунон гуфтааст! Ба талаби КМ ҷавоб гӯед.

Баҳром аз ҷо бархост:

— Ҳа, дӯст доштам, бо ӯ хонадор шудам, соҳиби фарзанд ҳам ҳастем. Ин ҷо гуноҳ куҷост?

Муҳаррир паст наомад:

— Гуноҳ ҳамин, ки студенткаи худро дӯст доштаед.

— Чӣ бадӣ дорад? – ба баҳс ҳамроҳ шуд Бобо Расулзода.

Муҳаррир бо қаҳр гуфт:

— Бадӣ дар он аст, ки Баҳром Фирӯз бо мо кор мекунад, коллективро бадном мекунад.

Баҳром бори дигар аз ҷо бархост:

— Ман агар коллективро бадном карда бошам, як лаҳза ин ҷо намеистам.

Дарро кушоду берун шуд.


Ҳамон солҳо дар ҳузури Иттифоқи нависандагон Шӯрои тарғиби адабиёт фаъолият дошт (ба гумонам, ҳоло ҳам ҳаст, аммо амалаш назаррас нест) ва зуд-зуд гурӯҳи шоиру нависандагонро ба ноҳияҳо равона мекард.

Дар яке аз сафарҳо ману Баҳром меҳмони донишҷӯёни омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа будем.

Духтаре аз ҷо бархосту ба Баҳром гуфт:

— Ман қиссаи «Рухсора»-и шуморо хондам. Оё воқеаҳои тасвиршуда ҳаётианд?

Баҳром гуфт:

-Оре. Ин саргузашти ошиқии худи ман аст. Ман дар ҷавонӣ бо духтаре ошиқ будам, ки имрӯз ҳамсари ман ва модари фарзандони ман аст.

Баҳром ба шавқ омада буд, чашмонаш медурахшиданд, мӯйҳои сиёҳи ғулӯяш ба болои абрӯвони ғафсаш парешон мешуданд. Гоҳ-гоҳ бо ангуштонаш мӯйҳояшро ба тартиб меовард.

— Оё шумо номи рассоми гурҷӣ Нико Пиросманиро шунидаед? Не? Суруди машҳури Алла Пугачёва «Миллион-миллион аллых роз»-ро дар ёд доред?

Донишҷӯён ҳама бо як овоз «Ҳа!» гуфтанд.

Баҳром шод шуд.

— Ана ҳамон рассом камбағал будааст. Дар зодрӯзи маҳбубааш тӯҳфае харида натавонистааст, рангу мӯқаламашро гирифтаасту дар деворҳои кӯчаи ёраш гулҳои арғувонӣ кашидааст! Ана муҳаббат ба чӣ қодир аст!

пешина
аз 94
навбатӣ