Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мувофиқи мушоҳидаҳо, ҳар вақте ки муҳаррир моро таъҷилан дар дафтари кориаш ҷамъ мекард, пай мебурдем, ки воқеае рӯй додааст: ё дар рӯзнома хато рафтааст, ё корманди рӯзнома гуноҳе кардааст, ё аз боло аз КМ, фармоише омадааст.

Дар чанд лаҳза ҳама ҷамъ омаданд, – аз ҷонишини муҳаррир то котиба. Муҳаррир ошуфта ва хашмгин менамуд. Вай омирона моро як-як аз назар гузарониду бо қаҳр пурсид:

— Баҳром Фирӯз куҷост?

Котиба аз ҷой бархосту «Як бори дигар мегӯям» гуфт ва аз дар берун рафт. Аммо дер накард, ҳамроҳи Баҳром баргашт.

— Чӣ, мо ҷониби шуморо махсус интизор шавем? – теғ кашид муҳаррир.

— Бубахшед, гуфтугӯйӣ телефонӣ доштам, – ҷавоб дод Баҳром ва ба курсии холӣ нишаст.

Муҳаррир варақҳои рӯйи мизашро бори дигар аз назар гузарониду бо ҳамон оҳанги омирона маҷлисро оғоз бахшид.

— Масъала якто. Дар бораи омоли ношоистаи корманди мо Баҳром Фирӯз. Мактуби шикоятӣ омадааст. Аз КМ комсомол супориш шуд, ки онро бо ҷамъи ҳамкорон муҳокима кунем ва баҳои сазовор биҳем.

Мактуби шикоятӣ аз Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) омада буд. Муаллиф навишта буд, ки Баҳром Фирӯз чанде дар Институти педагогии шаҳри Ленинобод муаллимӣ кард, одобу ахлоқи муаллими советиро поймол намуд, ба як студенткааш ошиқ шуд. Чунин одам ҳақ надорад, ки дар рӯзномаи ҷавонон кор кунад.

Кабинети муҳарриро хомӯшӣ фаро гирифт. Мо медонистем, ки Баҳром баъди ба Душанбе омадан дар Иттифоқи оҳангсозон, дар радиои Тоҷикистон кор мекард. Баъдан ба идораи «Комсомоли Тоҷикистон» омад. Номи шоириаш дар баробари Лоиқу Ёдгорию Ғоиб Саидзодаву Ҳабибулло Файзулло баромада буд. Шеърҳояшро махсусан ҷавонон меписандиданд ва аз ёд медонистанд. Маҷмӯаи аввалини шеърҳояш «Розҳои маҳтобшаб», ки ҳамон шабу рӯз, яъне соли 1967 ба табъ расида буд, мақбули ошиқони шеър афтода, аз даст ба даст мегузашт. Ҳатто шеъри «Соя»-и Баҳром дар яке аз маҷаллаҳои бонуфузи Эрон чоп шуда буд, ки дар он солҳо чунин воқеа ба афсона баробарӣ мекард: «Дӯстам , соя машав!»

Аммо дар маҷлиси муҳокима касе лаб накушод. Муҳаррир хомӯширо шикаст:

— Касе, ки дар таълимгоҳи ҷавонон беадабӣ карда бошад, дар рӯзномаи ҷавонҳо кор карда наметавонад.

пешина
аз 94
навбатӣ