Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баҳром дар хонааш зиёфат орост ва ман ҳам ба табрики ӯ рафтам. Азбаски таъхир карда будам, охирин меҳмони зиёфаташ ба назар меомадам.

— Ҳоло мукофотҳои болотару шоистатари Шумо дар пеш, гуфтам ба ӯ ҳангоми муборакбод.

— Ман барои мукофот наменависам, – гуфт ӯ. – Муҳаббати хонандагон ҷоизаи бузурги ҳар адиб аст.

Ӯ ҳақ аст. Ин ҷоизаи асл, яъне муҳаббати хонанда, Баҳром Фирӯзро зинда нигоҳ хоҳад дошт.

октябри с. 2009

КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО
Нависандаи халқии Тоҷикистон

НОМАҲО, НАВИШТАҲОЯШ МОНДА…

Аввалҳои тобистони соли 1969 буд, яъне беш аз 25 сол пеш аз ин.*

  • Вақт чунон зудпарвоз аст, ки ҳоло расо 40 сол сипарӣ шуда. – Шарҳи мураттиб. Муҳаррири ҳамонрӯзаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») Абдулло Зокиров маро ба наздаш хонда буд. Аз деҳа (он вақт муаллим будам) ба шаҳр омадам. Дар ҳуҷраи муҳаррир бо ҳам менишастем. Ӯ бо телефон ҳарф мезад. Назарам ба китобҳои ҷевон, ба сақфу фарши ҳуҷраи тозаю озода.

Муҳаррир бо касе дар гуфтугӯ буд. Ӯ баҳри чӣ маро ҷеғ зада? Ба дараҷае аз мақсадаш огоҳ будам: ба рӯзнома ба кор хонданиам буданд.

Дари ҳуҷра кушода шуду Баҳром Фирӯз назди муҳаррир даромад. Вазифаи мудири шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи рӯзномаро адо менамуд ӯ. Як-ду ҳикояам аз ҳамин шӯъба дар рӯзнома нашр шуда буд.

— Салом, Кароматулло, – гуфт Баҳром бо ҳамон овози боқуввату бардамонааш, ки хоси ӯ буд.

— Салом.

Даст дода бо ҳам вохӯрдем. Дар ин мобайн Абдулло Зокиров гӯшаки телефонро ба ҷояш монда буд.

— Мулло Баҳром, Кароматуллоро ба кор гирем, мегӯем. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед? Саҳв намекунем, – пурсид аз ӯ Зокиров.

— Нағз мешавад, дар шӯъбаи мо ҷой ҳаст.

— Якбора ба шӯъбаи шумо?

— Ҳа, боз аз куҷо одам меҷӯем? Аз Шумо хоҳиш мекунам, рафиқ Зокиров, Кароматуллоро ба шӯъбаи мо гузаронед, корамон бисёр аст, медонед.

— Хайр, агар ин қадар бовар дошта бошед ба ин кас, ман розӣ. – Муҳаррир, аз афташ ягон фикри дигар дошт, ки ноилоҷ монд, аз ноилоҷӣ ба талаби Баҳром сар фаровард. Хурсанд гаштам. Дар дил ба Баҳром ташаккур мехондам. Худам ҳам орзуи дар ин шӯъба кор кардан доштам.

пешина
аз 94
навбатӣ