Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки пӯшиши хиргоҳ ишорат ба чист, бигӯй, ба пӯшидани асрори мардумон ва пӯшидани чашм аз айби эшон...
Агар пурсанд, ки ҳақиқати маънии соябонӣ чист, бигӯй, он ки мазлумеро аз тоби офтоби ситам дар сояи инояту риояти худ ҷой диҳад...
Агар пурсанд, ки дар фарш андохтан чанд адаб аст, бигӯй, даҳ адаб: Аввал, он ки фаршро дар замини пок афкананд. Дуюм, ҷое афкананд, ки соҳиби вай хоҳад. Сеюм, пеш аз андохтан вайро аз хошоку ғубор пок созад. Чаҳорум, баъд аз андохтан низ мулоҳиза кунад, ки агар чизе ба ӯ омехта бошад бардорад... Шашум, дар вақти бардоштан боз пок созад. Ҳафтум, ба ҳамон замин таҳ кунад. Нӯҳум, сару пои он фаршро бишносад, то дар вақти густурдану бардоштан тартиб донад. Даҳум, пирони мардон ва устодонро ёд кунад.
Агар пурсанд, ки ҳақиқати фарш андохтан чист, бигӯй, он ки фарши худро кафи пои мардон донад. Бо худ андешад, ки чунончи ин фарш дар зери қадами мардон зинат дорад, тани ман ҳам аз ғубори роҳравони олам зебу ороиш меёбад. Чун ин андеша кунад, ҳамвора дар талаби он бошад, ки худро ба мардӣ расонад:
Гар мо ба гарди домани марде намерасем,
Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад.
Агар пурсанд, ки одоби шамъ равшан кардан чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ: Аввал, бисмиллоҳ гӯяд. Дуюм, ояти Нур бихонад. Сеюм, чун ба маҷлис дарояд, салом гӯяд. Чаҳорум, бар ҳазрати расолат саловот фиристад. Панҷум, пайваста мутаваҷҷеҳ бошад, то шамъ тира насӯзад ва ногоҳ намирад. Шашум, дар вақти нишондан мулоҳиза кунад, то дуди вай касеро зарар насозад. ...Ҳаштум, дар маҷлис наншонад, балки берун барад ва биншонад. Нӯҳум лаганро покиза дорад. Даҳум, лаганро ба суфра ба маҷлис наорад. Ёздаҳум, пирому устодонро ёд кунад. Дувоздаҳум, рӯшноӣ аз ҳеҷ мустаҳиқ во надорад.
Агар пурсанд, ки маънии шамъ чист, бигӯй, дилсӯзӣ ва меҳру муҳаббат ва афрӯхтагӣ.
Агар пурсанд, ки маънии лаган чист, бигӯй, дар муҳаббат ва афрӯхтагӣ собитқадам будан.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи шамъ ишорат ба чист, бигӯй, «Ш» — завқ аст. «М» — муҳаббат. Пас, ҳар кӣ шамъ равшан мекунад, бояд ки дили худро ба нури завқ афрӯхта, ба оташи муҳаббат парвариш дода бошад, то дар назари бузургон шамъ равшан созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор