Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки маънии чароғ чист, бигӯй, равшании ботин ва ошноии зоҳир.

Агар пурсанд, ки шӯълаи чароғ бо фитила чӣ мегӯяд, бигӯй, мегӯяд: афрӯхтан дар сӯхтан аст. То худро насӯзӣ дигареро наафрӯзӣ.

Агар пурсанд, ки фатила бо шӯъла чӣ мегӯяд, бигӯй, мегӯяд, ман тани худ дарбохтам ва ҷисми худ бигдохтам ва дар сӯхтан бо маҳбуби худ бисохтам.

Агар пурсанд, ки одоби чароғ равшан кардан чисту чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ: Аввал, бисмиллоҳ. Дуюм, ояти Нур, Сеюм, Саловот фиристодан. Чаҳорум, чун ба маҷлис дарояд, салом гӯяд. Панҷум, дар мавзӯи ваъз ҳозиронро равшанӣ бахшад. Шашум, аз воқеот бохабар бошад ва ғофил нашавад. Ҳафтум, он чӣ аз сари чароғ бардорад аз маҷлис берун барад. Ҳаштум, дар ҳузури мардум наншонад. Нӯҳум, ҳеҷ касро аз рӯшноии ӯ манъ накунад. Даҳум, дар вақти нишондан шартҳои гуфтаро иҷро кунад. Ёздаҳум, чароғпояро покиза ба маҷлис оварад. Дувоздаҳум, суфраи чароғ наафканад.

Агар пурсанд, ки маънии фонус чист, бигӯй, маънии фонус он аст, ки дил дар бадан ба мисли шамъ аст дар фонус.

Пас, ҳамчуноне ки фонус шамъро аз боду ҳаво муҳофизат мекунад, то намирад, шамъи дилро низ аз ҳавои нафс нигоҳ бояд дошт, то ба воситаи васвасаи ӯ фурӯ намирад, ки шамъи мурдаро ба як дам зинда тавон кард, аммо диле ки баъд аз ҳаёти маърифат ба васвасаи нафс мурда шуд, дигар бӯи зиндагӣ ба ӯ нарасад...

ФАСЛИ ҲАФТУМ

ДАР БАЁНИ ҚАБЗАИ КОРД ВА СОТУРУ
КОРДИ МОЛ ВА ТАБАР

Ин чаҳор қабза азони фарзандони ҷавонмард аст. Бидон, ки аз ҷумлаи камарбаста... яке ҷавонмарди кассоб буда, қассобон ва саллоҳиёнро дар санади худ ба ҷавонмард дуруст мебояд намуд. Ӯро дар асл Абдулло ном аст ва ҷавонмард лақаби ӯ аст. Падари ӯро Омири Басрӣ гуфтандӣ. Бибояд донист, ки асли қассобии се кор аст: Аввал, сар буридан; дуюм, аз пӯст баровардан; сеюм, пора сохтан...

Агар пурсанд, ки қабзаи корд киро расад ба даст гирифтан, бигӯй, касеро ки сари нафси бадкеш ба теғи риёзат бурида бошад...

Агар пурсанд, ки одоби ин қабза гирифтан чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, он ки ба покӣ даст ба вай расонад. Дуюм, он ки ба ноҳаққу нораво кор нафармояд. Сеюм, надониста наронад. Чаҳорум, он ки дар вақти кор фармудан эҳтиёт бошад. Панҷум, ӯро покиза нигоҳ дорад.

пешина
аз 242
навбатӣ