Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки камон бо тир чӣ мегӯяд, бигӯй, мегӯяд «ростравиш бош, то ба нишонаи мурод бирасӣ».

Агар пурсанд, ки тир бо камон чӣ мегӯяд, бигӯй, мегӯяд, «бо ростон сар дарор, то бар сари даст ҷой ёбӣ».

Агар пурсанд, ки ҳарфи камон чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «Қ» — ишорат ба карам аст. Яъне соҳиби ин қабза бояд, ки карим ва ҷавонмард бошад. «М» — ишорат ба марҳамат аст, яъне бар зердастони худ раҳм намояд. «О» — ишорат ба эътиқод аст, бояд ки некният ва покақида бошад ва «Н» — ишорат ба насиҳат аст, бояд ки таълим ва пандро аз ҳамкорон ва мусоҳибон боз нагирад. Ҳар кӣ ин чаҳор сифат надорад, ҳаққи ин қабза надорад.

ФАСЛИ ШАШУМ

ДАР БАЁНИ ҚАБЗАИ ТУҒМОҚ (БОЛҒАИ ЧӮБИН)

Бидон, ки ин қабза азони фаррошон аст ва эшон тоифае олиқадранд ва мақбули маҷлиси салотин... Корҳои эшон навъҳо дорад: барафроштани хаймаву саропарда ва соябон, хиргоҳ, барафроштани фарш, афрӯхтани шамъу чароғ, тартиби фонусу ҷорӯб ва ҳар як аз ин корҳо қоида доранд.

Агар пурсанд, ки афроштани хаймаро аз куҷо гирифтаанд, бигӯй, аз шакли осмон ва хаймаро сутуне ҳаст, аммо маръӣ нест.

Агар пурсанд, ки сутуни хайма ишорат ба чист, бигӯй, ба маркази доира ва он ишорат ба ростӣ аст.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи хайма чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «Х» — аз хилват, «Ғ» — аз яқин, «М» — аз мурувват ва «Ҳ» — аз ҳиммат аст, яъне ҳар кӣ хайма меафрозад, бояд ки дили холис дошта бошад ва яқини ӯ дурусту муруввати ӯ комил бошад. Ҳиммати ӯ олӣ бувад, то дар кори худ ба камол бошад.

Агар пурсанд, ки қабзаи туғмоқ кӣ тавонад ба даст гирифт, бигӯй, касе ки ба сифати мардиву ҷавонмардӣ ороста бошад.

Агар пурсанд, ки ду сари туғмоқ ишорат ба чист, бигӯй, яке ба иззат ва дигаре ба ҷуръат.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи туғмоқ чӣ маънӣ дорад, бигӯй, маънии «Т» — талаб аст, яъне соҳиби ин қабза пайваста дар талаби маъонӣ ва ҳакоиқ бошад ва ҷидду ҷаҳд намояд. «Ғ» — ғайрат аст, яъне соҳиби ин қабза бояд ки ғайур бошад, «М» — марҳамат аст, яъне бояд, ки бар фурӯдастони худ бибахшояд ва ҳамвора мискиному бечорагонро дастгирӣ кунад ва чун аксар вақт ин тоифа соҳибихтиёр мебошанд. «А» — истиғно аст, яъне соҳиби ин қабза бояд ки тавонгардил ва бузургҳиммат бошад ва ба ҷузъиёт сар фуруд наорад, то мартабаи ӯ ҳар рӯз олитар гардад. «Қ» — қабул аст, бояд ки ба тавозӯъ худро мақбули дилҳо созад.

пешина
аз 242
навбатӣ