Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки ҳурӯфи гурз ишорат ба чист, бигӯй, «Г» гузаштагӣ аст, «Р» — расидагӣ ва «З» — зиракӣ, яъне ҳар кӣ соҳиби ин қабза аст бояд, ки дар мақоми гузаштагӣ ва ҷавонмардӣ бошад ва дигар, бояд то хасм бар вай даст наёбад.

ФАСЛИ ПАНҶУМ

ДАР ҚАБЗАИ КАМОНИ ҲАРБ ВА ОН ЧИ БАД-ОН ТААЛЛУҚ ДОРАД

Бидон, ки камондорӣ илми шариф аст. Дар ӯ қонуну рукнҳои бисёр баён кардаанд.

Агар пурсанд, ки асли камондорӣ аз куҷо пайдо шуд, бигӯй, одам дар маҳалле, ки ба зироаткорӣ машғул гардид, мурғон меомаданд ва киштзори ӯро хароб мекарданд. Одам чун эшонро аз як ҷониб дур кардӣ, аз ҷониби дигар даромадандӣ. Одам... даст ба қабзаи камон бурд ва таълими тир андохтан ёд гирифт. Баъд аз он ки чанд мурғ ба тир бизад, дигарон бирамиданд ва зироати ӯ ба саломат бимонд.

Агар пурсанд, ки камондориро аввалин чизе ки дарбоистаст, чист, бигӯй, устоди машқ, ки агар касеро устод набувад худ дар ин кор шурӯъ натавонад намуд ва агар намояд ба ҳеҷ ҷо нарасад ва аз ӯ ҳеҷ кор наояд.

Агар пурсанд, ки одоби соҳиби ин қабза чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ: Аввал, пок будан. Дуюм, камон ба нияти дафъи шарри золимон ба даст гирифтан. Сеюм, ҳамвора такбир фиристодан. Чаҳорум, дар салавот додан таксир накардан. Панҷум, устоду пири худро ёд кардан. Шашум, шастро пӯшида доштан. Ҳафтум, аз ҳарду нишона тир андозад. Ҳаштум, ба нишонаҷои барахна равад... Даҳум, Агар тираш хато кунад, малул нашавад. Ёздаҳум, агар дигаре росттару дурусттар андозад, бар вай ҳасад набарад ва ӯро таҳсин кунад. Дувоздаҳум, ба кори худ тааҷҷуб накунад ва фахр накунад, ки даст болои даст бисёр аст.

Агар пурсанд, ки қабзаи камон гирифтан чанд навъ аст, бигӯй, машҳур чаҳор навъ аст: Аввал, қабзаи корд. Дуюм, қабзаи камони шикорӣ. Сеюм, чанголи боз, ки онро хандон низ гӯянд. Чаҳорум, қабзаи мудаввар.

Агар пурсанд, ки камон кашидан чанд навъ аст, бигӯй, ду навъ: Аввал, буруткаш; дуюм, сурмакаш.

Агар пурсанд, ки сутуни камон кадом аст, бигӯй, дасти чап.

Агар пурсанд, ки камон ба чӣ тамом шавад, бигӯй, ба зеҳ, ки камони бе зеҳ нокис бошад.

пешина
аз 242
навбатӣ