Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки модари гӯштиҳо кадом аст, бигӯй, пушти даст гирифтан ва аз пушти даст ба ҳама ҷойҳо бирасад: ҳам ба сар, ҳам ба пой ва ҳам ба миён.

Агар пурсанд, ки афтодан аз чист, бигӯй, ё аз он ки надонад, ё аз он ки натавонад.

ҚИСМАТИ ДУЮМ

ДАР БАЁНИ САНГГИРОН

Эшон низ мардуми поку порсо бошанд ва кори эшон зарби рост аст. Он аз ҳазрати Иброҳим мондааст.
Агар пурсанд, ки адаби санггирон чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, он ки кор ба нияти он кунанд, ки эшонро қуввати тамоми падид ояд ва онро ба муқобили душман сарф кунанд. Дуюм, он ки дар аввал, ки даст ба санг накардаанд, пирону пешкадамонро ёд кунанд. Сеюм, чун даст ба санг расонанд ҳиммат намоянд. Чаҳорум, аз аҳли маҷлис истимдоди ҳиммат кунанд. Панҷум, чашму забон ва дасту дил аз ношоистҳо пок доранд. Шашум, чун фориғ шаванд, такбиру салавот гӯянд.

ҚИСМАТИ СЕЮМ

ДАР БАЁНИ НОВАКАШОН

Эшон низ беқалбиву дағалӣ (далеру нотарс) бошанд ва аз онҳо нафъи бисёр ба халқ расад.
Агар пурсанд, ки чаҳори рукни нова кадом аст, бигӯй аввалу охири нова, зоҳир ва ботини ӯ.
Агар пурсанд, ки сирри ҳар як чӣ навъ аст, бигӯй, аввали нова ёд кардан, охири нова салавот фиристодан, зоҳири нова мардист ва ботини нова ҷавонмардӣ аст.
Агар пурсанд, ки ямину ясори нова кадом аст, бигӯй ямини нова ростиву дурустист ва ясори нова ёриву дилдорӣ аст.
Агар пурсанд, ки фавқу таҳти нова кадом аст, бигӯй, фавқи нова сурати кулл аст ва дар маъни сифати одат, таҳти нова дар сурати одамист ва дар маъни бардошти он...
Агар пурсанд, ки пасу пеши нова кадом аст, бигӯй, пеши нова ҳиммат ва паси нова назари мардон аст, ки корро меронад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи нова ишорат ба чист, бигӯй, «Н» — нақди муҳаббат ба даст овардан аст. «А» — (алиф) — дар кори худ рост будан аст. «В» — варақ ва тақво (яъне покӣ) варзидан аст. «Х» — ҳаводории бародарон кардан аст.
Агар пурсанд, ки шароити нова кашидан чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, он ки хизмат кардан аст. Дуюм, хушнудии бародарон ба даст овардан. Сеюм, он ки исботи кори худ донистан. Чаҳорум, он ки доим суфра кашад ва бухл накунад.

пешина
аз 242
навбатӣ