Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки устоди комил кадом аст, бигӯй, он ки аз шаш илм соҳибвуқуф (огоҳ) бошад: Аввал, илми тиб, то донад, ки шогирдро чӣ зиён медорад. Дуюм, аз илми нуҷум, то вақт ва соати гӯштӣ гирифтан бар ваҷҳе ихтиёр кунад, ки мувофиқ бошад. Сеюм, аз илми рамл (фол), то ғолиб ва мағлубро бидонад ва шиносад, ки кадом шогирд бар кадом шогирд ғолиб меояд. Чаҳорум, илми даъват (дуо) то пайваста дафъи сеҳр аз шогирдон бикунад. Панҷум, илми фаросат, то аз шакл ва ҳайъати (сурат) шогирд маълум кунад, ки аз ӯ чӣ кор меояд. Шашум, илми санъати гӯштӣ. Ва он чӣ аз ӯ машҳур аст, сесад банду гиреҳ аст ва ҳар яке рӯе (мақсаде) дорад ва боз ҳар рӯе дафъе дорад, ки маҷмӯъ ҳазору ҳаштод масъала бошад. Ҳар устод, ки ин улум ва масоилро надорад, комил набошад.
Агар пурсанд, ки паҳлавон киро тавон гуфт, бигӯй, он касеро ки дувоздаҳ сифат дошта бошад... Сеюм, тани қавӣ. Чаҳорум, забони хуш. Панҷум, дили далер. Шашум, хиради комил. Ҳафтум, сабри тамоми. Ҳаштум, илми ба камол. Нӯҳум, ҷаҳди доим. Даҳум, хулқи писандида. Ёздаҳум, мастурӣ (парҳез кардан) аз ҳаром. Дувоздаҳум, неъмате бардавом...
Агар пурсанд, ки гӯштӣ чанд навъ аст, бигӯй ду навъ; Аввал қабз (ба дастгирифтан). Дуюм, изтирор (беихтиёр). Агар пурсанд, ки ҳар як чӣ гуна аст, бигӯй, қабз гӯштӣ гирифтан (аз они) аҳли Хуросон ва Ироқ аст, ки онро шаҳривор гӯянд ва изтирор гӯштӣ гирифтан аз аҳли Гелон ва Шервон ва баъзе аз Озарбойҷон аст ва онро дайламивор хонанд.
Агар пурсанд, ки забони гӯштигирон кадом аст, бигӯй, даст. То даст фурӯ накӯбанд, барначаспанд.
Агар пурсанд, ки даст фурӯ кӯфтан чанд аст, бигӯй, ду: Аввал, он, ки дар аввали гӯштӣ даст фурӯ кӯбанд ва онро нақораи ҷанг гӯянд ва пеш аз он, ки хасм даст фурӯ кӯбад гӯштӣ гирифтан писандида нест. Дуюм, он ки дар миёни гӯштӣ даст фурӯ кӯбанд ва он нишони зинҳор (амон) хостан аст ва мувофиқат дар он шарт аст. Яъне чун хасм дар миёни гӯштӣ даст фурӯ кӯбад, маънии он аст, ки зинҳор хостам, туро даст фурӯ бояд кӯфт, яъне зинҳор додам.
Агар пурсанд, ки дастгири гӯштигирон кадом аст, бигӯй, пушт афкандан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор