Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки маънии гӯштӣ чист, бигӯй, он ки одамӣ табдили (тағйири) ахлоқ кунад ва ҳақиқати ин сухан он аст, ки пайваста миёни сифати ҳамида (писандида)

ва ахлоқи замима (нописанд) гӯштӣ воқеъ аст. Яъне ҳар як мехоҳад, ки зидди худро дафъ кунад...

Агар пурсанд, ки асл дар гӯштӣ гирифтан чӣ чиз аст, бигӯй, илми ин санъат. Агар пурсанд, ки қувват чӣ гуна аст, бигӯй, қувват эътибор надорад, ба воситаи он ки ҳайвонот бошанд, ки эшонро қуввати бисёр бошад ва чун дониш надоранд, ҳеҷ ҳурмат надоранд.

Агар пурсанд, ки илми боқувват чӣ гуна аст, бигӯй, дар ғояти некӯӣ, ба воситаи он ки бузургон гуфтаанд: «қуввати бедониш чун подшоҳи беадл аст ва дониши беқувват чун подшоҳи одилу белашкар» ва чун донишу қувват ба ҳамдигар ёр бошанд, корҳо ба мурод гардад. Агар пурсанд, ки гӯштигирӣ илм аст ё амал, бигӯй, илмест муқтарин (пайваста) ба амал ва ҳар кӣ чизе омӯвад мумкин, ки бад-он амал накунад ва дар ин ҳунар то илм набувад, амал наметавон кард. Пас, илму амал ба ҳам ороста аст. Агар пурсанд, ки одоби устодони гӯштӣ чанд аст, бигӯй дувоздаҳ: Аввал, он, ки худ поку беиллат бувад. Дуюм, шогирдонро ба покӣ иршод (ҳидоят) кунад. Сеюм, бахил набошад ва чизе аз шогирдон дареғ надорад. Чаҳорум, бар шогирдон мушфиқ бошад. Панҷум, ба моли эшон тамаъкор набувад. Шашум, ҳар якро ба қадри қобилияти эшон таълим диҳад. Ҳафтум, рӯю риё (фиреб) накунад. Ҳаштум, ба шогирдони худ бад нахоҳад. Нӯҳум, агар касе гӯштӣ бад гирад, нагӯяд бад гирифтӣ, балки ба нармӣ сухан гӯяд. Даҳум, агар таълим гӯяд дар маърака, пӯшида гӯяд, ки хасм (душман) воқиф нагардад. Ёздаҳум, бояд ки аз илми гӯштӣ бохабар бошад. Дувоздаҳум, дар ҳеҷ маърака зикри пир ва устоди худро фаромӯш накунад.

Агар пурсанд, ки одоби шогирдон чанд аст, бигӯй, он ҳам дувоздаҳ. Аввал, он ки рост бошад. Дуюм, он ки порсо (покиза) ва некмаош (некмуомила) бувад. Сеюм, он ки некусират ва покизаахлоқ бошад. Чаҳорум, некният бошад. ...Шашум, хизмати устодон ба сидқ кунад. Ҳафтум, бар ҳеҷ кас ҳасад набарад. Ҳаштум, бухл наварзад ва ҳар чӣ дорад фидои пир кунад. Нӯҳум, бо дигар шогирдон ба дилу забон муттафиқ бошад. Даҳум, аз дилҳо дарюза кунад. Ёздаҳум, ба зӯри худ мағрур нашавад. Дувоздаҳум, ба шикасти хасм хушдил нашавад.

пешина
аз 242
навбатӣ