Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки ду рукни зери сандалӣ ишорат бар чист, бигӯй, ки яке ба сабр, дуюм ба сабот (устуворӣ). Яъне, ҳар кӣ сандалинишин аст, бояд ки ҳар чӣ бад ӯ расад, сабр кунад ва дар кори худ собитқадам бошад ва ба ҳар чизе аз ҷо наравад, чунончи гуфтаанд, байт:
То зи ҳар боде наҷунбӣ, по ба доман каш чу кӯҳ, К-одамӣ мушти ғубору умр боди сар-сар аст.
Агар пурсанд, ки қиссаҳои чанд навъ аст, бигӯй, ду навъ: Аввал, ҳикоятгӯӣ ва дуюм, назмхонӣ. Агар пурсанд, ки одоби ҳикоятгӯён чанд аст, бигӯй ҳашт: Аввал, он ки қиссае адо хоҳанд кард, агар мубтадӣ (аввалин) аст, бояд ки бар устод хонда бошад ва агар мунтаҳӣ (охир) аст, бояд ба худ такрор карда бошад, то фурӯ (хомӯш) намонад. Дуюм, он ки ҷусту чолок ба сухан дарояд ва хомӯшу гаронҷон (танбал) набошад. Сеюм, бояд донад, ки маърака лоиқи чӣ навъ сухан аст ва ҳадди нузул (поён рафтан) ва монанди он бештар аз он гӯяд, ки мардум роғиби (моили) он бошад. Чаҳорум, насрро вақт-вақт ба назм ороста гардонад, на бар ваҷҳе, ки мустамеъ (шунаванда) ба малол шавад. Бузургон гуфтаанд, ки назм дар қиссахонӣ чун намак аст дар дег, агар кам бошад таом бемаза бувад ва агар бисёр гардад, шӯр шавад. Пас, эътидол (дараҷаи миёна) нигоҳ бояд дошт. Панҷум, сухани маҳолу (номумкин) газоф (дурӯғ) нагӯяд, ки дар чашми мардум сабук (беқадр) шавад. Шашум, суханони таъриз (пӯшида) ва киноя нагӯяд, ки дар дилҳо гарон гардад. Ҳафтум, дар гадоӣ муболиға накунад ва бар мардум танг нагирад (азоб надиҳад). Ҳаштум, зуд бас накунад ва дер низ накашад, балки тариқи эътидол маръӣ (риоятшуда) дорад. Агар пурсанд, ки одоби назмхонӣ чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, он ки ба оҳанг хонад. Дуюм, суханро дар дили мардум биншонад. Сеюм, агар байте мушкил пеш ояд, шарҳи он ба ҳозирон бигӯяд. Чаҳорум, чунон накунад, ки мустамеъ (шунаванда) малул гардад. Панҷум, дар гадоӣ савганди бисёр надиҳад ва муболиға нанамояд. Шашум, соҳиби он назмро дар аввали маърака ё дар охир ёд кунад. Ва афсонахонон мисли ҳикоятгӯёнанд. Эшонро низ ҳамин адабҳо риоят бояд кард.
ФАСЛИ СЕЮМ
ДАР ШАРҲИ АҲЛИ ЗӮР АЗ МАЪРАКАГИРОН ВА ЭШОН ҲАШТ ТОИФААНД:
ГӮШТИГИРОН, САНГГИРОН, НОВАКАШОН, САЛЛАКАШОН, ҲАММОЛОН, МАҒИРГИРОН, РАСАНБОЗОН ВА ЗӮРГАРОН
ҚИСМАТИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ ГӮШТИГИРОН
Бидон, ки гӯштӣ гирифтан ҳунарест мақбул ва писандидаи мулуку салотин. Ҳар кӣ бадин кор машғул мебошад, ағлаб (бештар) он аст, ки ба покӣ ва ростӣ мегузаронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор