Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки аркони новакашӣ чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, пок будан... Сеюм, аз ҳозирон мадад талабидан. Чаҳорум, пиру устоди худро ёд кардан. Панҷум, салавот фиристодан. Шашум, сирри худро бо касе нагуфтан.

Агар пурсанд, ки одоби новакашӣ чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, пок бошад. Дуюм, дар тоат таксир накунад. Сеюм, пайваста бо вузу бошад. Чаҳорум, ҳасад набарад. Панҷум, такаббур наварзад. Шашум, ба зӯри худ ғарра нашавад. Ҳафтум, дар ҳамкорони худ ба чашми ҳақорат нангарад. Ҳаштум, ҳамкорони худро ёриву мадад расонад.

Агар пурсанд, ки махсуси новакашӣ чист, бигӯй, нардбон ва агар хоҳанд тунбон пӯшанд ва мӯҳра банданд...

Агар пурсанд, ки нардбон ишора ба чист, бигӯй, ба тарбияти пир, ки ҳар замон муридро ба пойи баландтар расонад...

Агар пурсанд, ки ҳуруфи нардбон чӣ маъни дорад, бигӯй, ки «Н» — ниёз аст, «Р» — ризо аст, «Д» — диёнат аст. Яъне, бояд ки покизаву эмин бошад ва чашму дасту дил ва забонро аз хиёнат нигоҳ дорад. «Б» — басорат аст, яъне бояд ки дар кори худ доно (ва бино) бошад. «А» — (алиф) — инсоният аст, ки бояд хушхӯю некуниҳод бошад ва «Н» — неъмат аст, бояд ки доим аз он чӣ тавонад дарвешонро хизмат кунад ва дар бахшиш дареғ надорад.

ҚИСМАТИ ЧАҲОРУМ
ДАР ШАРҲИ САЛЛАКАШОН

Эшон низ мардуми паҳлавон мебошанд.

Агар пурсанд, ки саллакашӣ аз кӣ мондааст, бигӯй, аз Одам Алайҳиссалом ва пас аз Салмони Форсӣ.

Агар пурсанд, ки шакли салла далолат бар чӣ дорад, бигӯй, бар доираи маърифат, ба воситаи он ки ҳайъати салла шабеҳи доира аст ва ҳар кӣ салла бар сар ниҳод, бояд ки сар аз доира берун набарад, то он кор аз ӯ зебанда бувад.

Агар пурсанд, ки сарвона ишорат ба чист, бигӯй, ба маркази доира, яъне салла доира аст ва сарвона маркази доира ва маънии ин он аст, ки соҳиби салла, бояд ки ба сирри инсонӣ, ки маркази доираи мавҷудот аст, донову бино гардад ва донад, ки ҳама барои инсон ва инсон барои шинохтани худ аст...

Агар пурсанд, ки суфра чаро гӯянд, бигӯй, барои он ки ҳама касро аз он фоида расад, чуноне ки аз суфраи таом. Ва ҳар саллакаше, ки аз суфраи ӯ наволае ба фақире нарасад, соҳиби сиккаву сурат нест.

пешина
аз 242
навбатӣ