Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки одоби ҷавоб додан чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, он ки ба тозарӯй ҷавоб диҳад. Дуюм, он ки ба зиёда ҷавоб гӯяд. Сеюм, агар касе бошад, ки хориҷи миллати ислом бошад ва бар ин кас салом кунад дар ҷавоб алайк гӯяд. Чаҳорум, бояд ки бар таҳорат (тозаву озода) бошад. Панҷум, агар гурӯҳе истода бошанд як нафар ҷавоби салом диҳад, басанда аст. Шашум, ҷавоби салом бо лафз диҳанд на ба ишорат. Ҳафтум, бояд, ки чунон ҷавоб диҳанд, ки саломкунанда шунавад.
Агар пурсанд, ки фазилати салом дар чист, бигӯй, дар он ки тақдим кунанд ва зудтар салом гӯянд.
ФАСЛИ СЕЗДАҲУМ
ДАР ОДОБИ ҲУҚУҚИ БОҚИИ ИХВОН
Аёдати (дидорбинии) бемор. Дар аёдати бемор савоби бисёр аст ва фазилати бешумор. Бузургон гуфтаанд:
Чун ранҷ барнатавонӣ гирифтан аз бемор,
Қадам зи рафтану пурсиданаш дареғ мадор.
Агар пурсанд, ки дар аёдати бемор чанд адаб аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, он ки баъд аз намози дигар беморро напурсад, ки ба ҳасби (мувофиқи) хосият неку нест. Дуюм, он ки чун дароянд, на хандад, на гиряд, ки ҳеҷ кадом лоиқ набувад. Сеюм, аз чапи бемор дарояд ва бар рости ӯ биншинад. Чаҳорум, бар сари болини бемор бисёр сухан нагӯяд. Панҷум, даст ба узве аз узвҳои ӯ, чун сару даст ва пешонию сина расонад ва аз қароҳат (парҳез) надорад. Шашум, бо бемор ба лутфу мулоимат сухан гӯяд. Ҳафтум, зуд равад.
Агар пурсанд, ки дар ташйиъи ҷаноза чанд адаб аст, бигӯй, панҷ: Аввал, он ки дар ақиби ҷаноза равад. Дуюм, дар бурдани ҷаноза агар тавонад мададгорӣ кунад. Сеюм, ба рӯю риё наравад. Чаҳорум, чун ба сари хок расад дар дафн кардану хишт чидан ва хок рехтан омодагӣ кунад. Панҷум, майитро бо хайр ёд кунад.
Агар пурсанд, ки дар таъзият гуфтан чанд адаб аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, сухан кам гӯяд. Дуюм, дастор ба замин назанад. Сеюм, дасту санг бар сина назанад. Чаҳорум, сухани беҳуда нагӯяд. Панҷум, дар мусибат ба сабр фармояд, шашуму ҳафтум, чизе ки тавонад мададгорӣ намояд. Ҳаштум, марги он касро сабаби эътибори худ донад.
Эй ки ваъзе шуниданат ҳавас аст,
Марги ҳамсоя воизи ту бас аст.
Агар пурсанд, ки адаби атсазананда чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, он ки остин пеши даҳону бинӣ гирад ё рӯмоле..., то дар вақти атса аз даҳону бинии ӯ чизе берун наояд, ки мӯҷиби қароҳияти нозир гардад. Дуюм, он ки атса чун аз се зиёда гардад, агар тавонад дафъ кунад ва агар натавонад, аз маҷлис бархезад, ки ногоҳ сабаби малоли мардум нашавад... Чаҳорум, чун касе ҷавоби атсаи ӯ боз диҳад, ӯ низ ташаккур гӯяд. Агар пурсанд, ки адаби ҷавобдиҳанда чанд аст, бигӯй, се: Аввал, он ки чун отис (атсазананда) ҳамд гӯяд, ҷавоб диҳанд ва агар ҳамд нагӯяд, ҷавоби атсаи ӯ боз надиҳанд... Сеюм, он ки чун атса аз се карат бигзарад, ҷавоб нагӯяд ва гуфтаанд ихтиёр аст: агар хоҳад бигӯяд, аммо авло тарк (ҷавоб нагуфтан) аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор