Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки одоби рафтан дар маҳаллот чанд аст, бигӯй, ёздаҳ: Аввал, он ки чапу рост нанигарад. Дуюм, ба болои бомҳо ва равзанҳо нигоҳ накунад. Сеюм, дар даруни хонае, ки дараш кушода бошад, нанигарад. Чаҳорум, роҳ бар касе танг накунад. Панҷум, бо фарзанди мардум сухан нагӯяд ва бӯса бар сару рӯи эшон надиҳад. Шашум, дар маҳаллае, ки кор надорад, наравад. Ҳафтум, суруд нагӯяд ва ба овоз чизе нахонад. Ҳаштум, ба эҳтиёт равад, то ҷонваре дар зери пои ӯ ҳалок нагардад. Нӯҳум, дар пеши бузургтар аз худ наравад. Даҳум, бар дари хонае, ки коре надорад, наистад. Ёздаҳум, дар маҳаллаи аҳли туҳмат наравад.

ФАСЛИ ДУВОЗДАҲУМ

ДАР ОДОБИ САЛОМ КАРДАН

Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом бояд кард, бигӯй, дар ҳафт мавзеъ. Аввал, чун бародари тариқро бинӣ, салом бояд кард. Дуюм, чун дар роҳ равӣ, ба одамон салом бояд кард. Сеюм, чун ба дари хонаи бародар равӣ, салом бояд кард. Ва инро саломи истизон (иҷозат хостан) гӯянд. Чаҳорум, чун ба ҷамъе дароӣ, салом бояд кард. Панҷум, чун аз мавзее, ки нишастӣ бархезӣ ва ҷамъе он ҷо бошанд, салом бояд кард ва инро саломи видоъ гӯянд. Шашум, чун ба мақбарае расад, салом бояд кард. Ҳафтум, чун ба хонаи худ дарояд, бар аҳли байти худ салом кунад.

Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом набояд кард, бигӯй, дар шаш мавзеъ. Аввал, дар ҳаммом. Дуюм, бар касе, ки ба қазои ҳоҷат машғул бошад. Сеюм, ба қуръонхон. Чаҳорум, ба намозгузор. Панҷум, бар занони номаҳрам. Ва агар дар ин мавзеъҳо касе салом кунад ҷавоб надиҳанд, осим (гунаҳкор) набошанд.

Агар пурсанд, ки одоби салом кардан чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, пок бошад. Дуюм, савора бар пиёда салом кунад, истода бар нишаста ва нишаста бар такязада. Сеюм, он ки хурдтар аст, бояд ки бар бузургтар салом кунад ва аққал бар аксар салом кунанд. Чаҳорум, дар салом кардан рӯй хандон ва пешонӣ кушода дорад. Панҷум, ба ишорат салом накунад, балки ба лафз бигӯяд, ки «Ассалому алайк» ё «салому алайк» ва агар ҷамоате бошанд, «ассалому алайкум»... Ҳафтум, чун ду ба якдигар расанд ва мусофаҳа (вохӯрӣ) кунанд.

пешина
аз 242
навбатӣ