Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар киро бинӣ ба олам рӯзии худ мехӯрад,
Гар зи хони туст нонаш вар зи хони хештан.
Пас туро миннат зи меҳмон дошт бояд баҳри он,
Мехӯрад бар хони эҳсони ту нони хештан.

Агар пурсанд, ки одоб ва аркони ба меҳмонӣ рафтан чанд аст, бигӯй, чаҳордаҳ: ду шарт, ду суннат ва даҳ адаб.

Агар пурсанд, ки ду шарт кадом аст, бигӯй, аввал, он ки ба меҳмонии мардуми солеҳи некном равад, на мардуми фосиқ ва ҳаромхор... Дуюм, дар маҷлисе, ки донад, ки дар ӯ номашрӯъ (хилофи қонун) ҳаст, наравад, магар донад, ки ба эҳтироми ӯ тарк хоҳанд кард.

Агар пурсанд, ки ду суннат кадом аст, бигӯй, аввал он ки бихонанд, бе тааллул (ба таъҳир андохтан) иҷобат (қабул) кунад. Дуюм, он ки напурсад, ки хӯрдани чӣ хоҳад буд.

Агар пурсанд, ки даҳ адаб кадом аст, бигӯй, аввал, он ки дар вақти рафтан аз пеши мизбон наравад. Дуюм, чун ба дари хона расад, пои рост дар пеш ниҳад.
Сеюм, чун ба хона дарояд, салом кунад. Чаҳорум, ҳар куҷо, ки вайро биншинонанд, биншинад ва такаллуф накунад. Панҷум, ба зеру боло ва чапу рост нанигарад.
Шашум, таом ба навъе хӯрад, ки хотири мизбон хуш гардад. Ҳафтум, зуд-зуд аз пеши худ таом барнадорад. Ҳаштум, чун таом хӯрда шавад, зуд бархезад, магар мизбон нагзорад. Нӯҳум, баъд аз фароғ мизбонро дуо кунад.
Даҳум, чун берун равад, шукр гӯяд ва шикоят накунад.

ФАСЛИ ЁЗДАҲУМ

ДАР ОДОБИ РОҲ РАФТАН

Бидон, ки одамиро аз роҳ рафтан дар роҳҳо чора нест ва чун ба роҳ меравад, ӯро чанд чиз риоят мебояд кард, то муаддаб бошад ва мардум донанд, ки ӯ хизмати мардон кардааст ва рафтан дар яке аз се мавзеъ хоҳад буд: ё дар шореъи (шоҳроҳ) ом ва ё дар бозор ва ё дар маҳалла ва ҳар як адабе чанд дорад.

Агар пурсанд, ки одоби рафтан дар шореъ чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, он ки ба ғайри ҳоҷат наравад. Дуюм, пои бараҳна бар замин наниҳад. Сеюм, ба тариқи мутакаббирон наравад. Чаҳорум, то зарурат набошад, сухан нагӯяд. Панҷум, аз мавозеи туҳмат ҳазар кунад.

Шашум, қадам аз мавзеи наҷосат (нопок) нигоҳ дорад. Ҳафтум, бисёр наравад, магар ба намози ҷамоат. Ҳаштум, қадам фарох наниҳад.

Агар пурсанд, ки адаби рафтан дар бозор чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, дӯш (китф) бар касе назанад. Дуюм, аз паси мардум нанигарад. Сеюм, оби даҳон наандозад. Чаҳорум, аз дур касеро бонг (фарёд) назанад. Панҷум, бар дари дӯконе, ки коре надорад, наистад. Шашум, чизе ки намехарад қимати он напурсад. Ҳафтум, дар миёни савдои ду кас мадхал (даҳл) накунад, магар ба тариқи ислоҳ ё муҳокима.

пешина
аз 242
навбатӣ