Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо таҳният (муборакбод) гуфтани бародар дар вақти шодиҳо чунончи фарзанде ӯро мутаваллид шуда бошад ё азизе, ки матлуб (каси дилхоҳ) буда, аз сафаре бозомада ва монанди он. Ин мазиди (зиёдшавӣ) сурури он шахс мешавад.

Агар пурсанд, ки адаби таҳният чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, он ки шодии бисёр изҳор кунад. Дуюм, он ки гирифтарӯй ва малул набошад. Сеюм, муборакбод гӯяд. Чаҳорум, дуое гӯяд, ки муносиби ҳоли таҳният бошад. Масалан, агар писар дорад, ӯро бо тӯли (дарозии) умру давлат дуо кунад ва агар арӯсие воқеъ шавад, ба хайр ва баракат дуо кунад ва агар мусофире расида, ба сиҳату саломат дуо кунад ва боқӣ бар ин қиёс бояд кард. Панҷум, бисёр нанишинад ва зуд берун ояд, магар соҳиби манзил муболиға (манъ) кунад. Шашум, табаррук ва тӯҳфае, ки мақдури (мувофиқи қудрати) ӯ бошад, гузаронад ва бад-он бухл (хасисӣ) накунад.

ФАСЛИ ЧАҲОРДАҲУМ

ДАР ОДОБИ КАСБ ВА БАЙЪИ ШИРОЪ (ХАРИДУ ФУРӮШ)

Бидон, ки дарвешро касби ҳалол (росту покиза) зарур аст, ба ин ваҷҳ касбро аз воҷибот низ тавон шумурд, зеро фароғати хотир он замон даст диҳад, ки заруриёти маош зоил гардад. Ва ҳар чӣ роҳати тамом нашувад, пас он низ воҷиб бошад. Ва чун аз олаи заруриёт тамом муяссар нашавад, илло бар он ки ранҷ бар мардумон ниҳад, пас ҳар кӣ манфиат гирад ва нафъ нарасонад кор накарда бошад. Пас ҳар кӣ аз дарвешон ба касбе машғул нашавад, бори худ ба гардани мардум ниҳода бошад ва сабаби ранҷи оламиён шуда ва он дар тариқ раво набувад ва собит шуд, ки касб мар дарвешонро аз заруриёт аст, пас ҳароина бояд, ки одоби касб ба ҷой оварад. Ва ҷамъи касбҳоро муҷмалан (мухтасаран) адабҳост ва ҳар касберо алоҳида адабе аст ва зикри ҳама ба татвил (тафсил) меанҷомад.

Агар пурсанд, ки одоби маҷмӯи касбҳо хулоса чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, он ки касби худро аз моли ҳаром ва шубҳат пок дорад. Дуюм, он ки касбро барои зарурати маош кунад, на барои ҷамъи мол. Сеюм, касбро сабаби обрӯй шиносад. Чаҳорум, бо касе, ки моли ӯ ҳаром бошад, муомила накунад. Панҷум, дар ҳунари худ кори айбнок ва беэътиноӣ накунад ва аз ғилу ғаш (олудагӣ) дур дорад. Шашум, инсоф нигоҳ дорад, ба касе, ки баҳои матоъ нашиносад, бар вай муомила накунад. Ҳафтум, агар аҳли тарозу бошад, кам надиҳад ва зиёда настонад. Ҳаштум, агар аҳли зироъ бошад, зиёда бар худ напаймояд ва кам бар дигарон, то баракат ва ҷамъият дошта бошад.

пешина
аз 242
навбатӣ