Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Идеали иҷтимоии футувват — ҷавонмардӣ ҷамъиятест, ки дар асоси принсипи баробарӣ бунёд гардидааст. Футувват мафҳуми бародариро ба ду маъно таъбир кардааст: аввалан бародарии ҳамхунӣ, ки зинаи поёнӣ шуда, дар он одамон баробар нестанд, сониян, бародарии касбию иҷтимоӣ, ки мувофиқи он одамонро марому мақсади ягонаи маънавӣ, иҷтимоию сиёсӣ муттаҳид мекунад. Дар идеали иҷтимоии футувват ранги пӯст, нажод, мазҳаб ва забону урфу одати мардум чандон нақши асосӣ надорад, балки ягонагии мароми онҳо ҷиҳати умда ба шумор меравад. Бародархондагии пешвои ҷавонони Хуросон — Абумуслими Хуросонӣ ва Сунбоди габр, дар атрофи Яъқуби Лайс гирд омадани ҷавонмардони Аҷам, ҳамчунин инъикоси бадеии чунин бародархондагӣ дар силсилаи ҳикояти романии «Самаки айёр»-у Мадинаи фозилаи тасвирнамудаи Низомии Ганҷавӣ дар «Искандарнома», ки мардумонаш покизарӯзгор буда «шуморем худро ҳама ҳамсарон, нахандем бар гиряи дигарон» мегӯянд, далели чунин андеша мебошад.

Футувват — ҷавонмардии омолу аъмолест, ки дар заминаи амалиёти инсонӣ қарор мегирад ва чунин маром футувватро Фаридуддини Аттор аз номи Абуҳифси Бағдодӣ дар таъбири «Футувват амалест фақат амал, на ҳарф» ифода намудааст. Ё «Коре гар мекунам, он барои ном мекунам, на барои нон» ва «ин коре, ки мекунам, аз барои он мекунам, ки маро номе бошад» гуфтани Самак (аз романи «Самаки айёр») айни ҳамин муддаост.

Ин таълимот моҳияти прогрессивӣ ва ҷиҳатҳои демократӣ дошта, мутобиқи талаботи он одамон ба ҳамдигар баробаранд, онҳо бояд дар асоси покии ақлу ният рафтор намоянд. Хирад ва шарафи мардум мизони ҳамешагии назорат аз болои рафтор, гуфтор ва кирдори инсон қарор мегирад.

Адибони классикии тоҷик (аз Рӯдакӣ то Айнӣ) мавзӯю мароми футувват ва образи ҷавонмардонро ҳамчун восита барои парваридани ҷиҳатҳои башардӯстӣ ва демократию ахлоқи неки инсонӣ истифода карда, тамоми тарафҳои иҷтимоӣ-ахлоқии онро ба таври бадеӣ дар осорашон истифода бурдаанд. Аз ин рӯ, футувват — ҷавонмардӣ яке аз омилҳои падидоии афкори гуманистӣ ва демократии адибони пешқадами халқамон гардида, худ шохаи мустаҳками он қарор мегирад ва барои неруи Эҳёи Аҷам заминаи мусоиде фароҳам месозад.

пешина
аз 242
навбатӣ