Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Чунонки мебинем, футувватдорони ҷавонмард асосан ба халқу аҳли меҳнат тааллуқ дошта, баромади иҷтимоишон низ ба аҳли касаба мансуб будааст.
Ривоҷи равнақи ҳаматарафаи ҷараёни ҷавонмардӣ ба охирҳои асри XI то ибтидои асри XIV тааллуқ дорад. Ташкилоти оппозитсионӣ футувват — ҷавонмардӣ дар ин давра чунон боло гирифт, ки як қатор мансабдорони даврони феодалии асримиёнагӣ барои пешбурди афкори сиёсиашон зоҳиран ба ҳалқаи ҷавонмардон медаромаданд. Яке аз ин гуна шахсон Носириддин — халифаи аббосӣ мебошад. Умеди ягонаи ӯ он буд, ки аз дохили ин равияи мардона истода, сарриштаи тамоми ҳаракату ҷунбишҳои халқиро, ки заминаи асосиаш ҷавонмардон буданд, дар дасти худ нигоҳ дорад.
Дар ибтидои асри XII оид ба ҳасту фаъолият, рафтору гуфтор ва нишасту бархости пайравони ҷавонмардӣ асарҳо низ пайдо шудаанд, ки хушбахтона як қатори онҳо то ба мо расидаанд ва «Китоб ал футувват»-и Ибни Меъмор, «Тӯҳфат-ул васоё»-и Аҳмад бини ал-Наккош-ал-Хуртабритӣ ва «Кобуснома»-и Кайковус аз қабили онҳо мебошанд.
Дар асрҳои XI—XIII созмони ҷавонмардон дар Мовароуннаҳру Хуросон бештар номи арабии «Футувват» ва дар Осиёи Хурд номи «аҳӣ»-ро ба худ қабул намуд, ки ба ин рӯз ба рӯз нерӯгирии забони арабӣ ва нуфузу таъсири он бар дигар забонҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, бар забони тоҷикӣ форсӣ сабаб шудааст. Инчунин як қатор шоирон низ бо ин ном, яъне «Футувватнома» дастурҳои ахлоқию иҷтимоӣ навиштаанд, ки ба ҳасту коргузории ҷавонмардон оид аст. «Футувватнома»-и Аттор (асри XII), «Футувватнома»-и Носирӣ (охири асри XII) ва «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайни Воизи Кошифӣ (охири асри XV) аз қабили ҳамин дастурҳо мебошанд.
Ин ҳаракат барои тараққиву инкишофи ғояҳои гуманистӣ дар адабиёт омили муҳим гардида, худ як шохаи мустаҳкаму мустақим — адабиёти ҷавонмардиро ба вуҷуд овардааст.
Ҷараёни ҷавонмардӣ дар охирҳои асри XIII ва аввали асри XIV давраи камолоти худро дарёфта, беш аз пеш густариш меёбад ва бар зидди рӯзгори хон-хонӣ амал мекунад. Дар ин хусус сайёҳи номии араб Ибни Батута далелҳои мӯътамадеро дар «Сафарнома»-и худ ёд карда навиштааст: «Ман дар тамоми дунё мардуме накӯкортар аз онон (ҷавонмардон — В. Қ.) надидаам. Гарчи аҳли Шерозу Исфаҳон ҳам ба равиши ҷавонмардон ташбеҳ меҷӯянд, лекин эшон дар ғарибнавозӣ ва меҳмонӣ бештар пешсафанд. Онҳоро дар Ироқ шотир, дар Хуросон сабадорон ва дар Мағриб сукра меноманд. Оини адолат чунон дар қаламрави онҳо равнақ гирифт, ки сиккаҳои тиллову нуқра дар урдугоҳҳои эшон рӯи хок мерехт ва гарчанде соҳиби он пайдо намешуд, касе даст ба сӯи он дароз намекард». Ҷараёни оппозитсионии футувват — ҷавонмардӣ баъд аз асри XIV низ ҳар ҷо-ҳар ҷо арзи ҳастӣ дошта, таваҷҷӯҳи шоиру нависандагонро ба худ мекашидааст. Мисоли барҷастаи ин андешаро «Футувватномаи султонӣ» (охири асри XV) ва инчунин асари Восифӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ», Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» ва устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» ба исбот мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор