Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки дар асри X ҳастии сиёсию иҷтимоии Мовароуннаҳру Хуросон давраи нисбатан осудагии мардуми ин сарзамин аст. Ибни Ҳавқал — донишманд ва сайёҳи араб дар бораи ободии шаҳрҳо ва ҷавонмардиву каримии мардуми ин сарзамин ҳуҷҷатҳои ҷолиби мулоҳизаро боқӣ гузоштааст. Ӯ менависад: «Ҷавонмардии мардуми Мовароуннаҳр ба андозаест, ки гӯё ҳама дар як хонавода зиндагӣ мекунанд. Касе, ки ба хонаи дигаре меояд, гӯё ба хонаи худ мегарояд. Бисёр меҳмоннавозанд ва аз меҳмоне, ки шабона омада бошад, нохушнуд нестанд, бе он ки вайро шиносанд ва интизори подош бошанд, ба вай пазироӣ мекунанд».

Аз нимаи асри XI ва аввалҳои асри XII сар карда, дар рабту низоми ҷавонмардӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Осиёи Хурду мамлакатҳои араб дигаргунии ҷиддӣ сар мешавад. Тасаввуф, ки дар ин айём таъсири мустаҳками худро дар афкору ахлоқи мардумони ин сарзаминҳо густариш медод, ҷараёни қадимаи омиёнаи ҷавонмардиро низ ба зери таъсири худ медаровард. Адабиётшиноси маъруфи Эрон — Саид Нафисӣ бисёр возеҳ қайд кардааст: «Як қатор суфиёне пайдо мешуданд, ки то ба ҳалқаи тасаввуф дохил шуданашон ҷавонмард (бо маънии маслак) буданд. Аз ин рӯ, бузургони суфия ҳамвора тасаввуфро барои хос ва ҷавонмардиро барои ом медонистанд».

Моҳияти таълимоти ахлоқии футувват аз баробарӣ ва бародарӣ дар назди ҷомеа, хайрхоҳӣ, мадади ҳамдигар, бурдборӣ, ҷазои золимон, дастгирии дармондагону ятимон иборат аст. Футувват ҳамвора идеалҳои гуманистиро ташвиқ карда, барои амалӣ шудани онҳо мубориза бурдааст. Сарварони ҷунбишҳои халқӣ — Абумуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Яъқуб ибни Лайс, Мазайра, Сунбоди габр, Маҳмуди Торобӣ ва дигарон ҳама футувватдорони ҷавонмард буданд. Дар таълимоти футувват васфи меҳнат мақоми шоиста дораду меҳнат хиради ба ҳаракат омада дар вуҷуди инсонист. Бинобар ин футувват меҳнатро аз ибодат авлотар донистааст.

Дар замони ҳукмронии Салҷуқиён ҷавонмардон ва ташкилоти махфии зиддифеодалии онҳо камолот ёфта, дар ҳама шаҳрҳои хурду бузург, дар гирди раисони худ муттаҳид мегардиданд, ки таърихнависони дарборӣ онҳоро бо «роҳзан», «ғаддор», «маккор» ва як қатор суханони дигари қабеҳомез ёд кардаанд.

пешина
аз 242
навбатӣ