Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Номи Ҳусайни Воизи Кошифӣ дар радифи машҳуртарин номҳои илму адаби гузаштагонамон чун Абдураҳмони Ҷомию Алишери Навоӣ русух доштааст. Мақоми ӯ махсусан дар воизву тарғибгарии ахлоқи ҳамидаи инсонӣ шоистаи таваҷҷӯҳ ва ангуштнамои банозандаи ҳамагон гардидааст. Аз ин хотир миёни Ҷомиву Навоӣ ва Ҳусайн Воиз риштаи ногусастании дӯстиву рафоқат ва меҳрубониву отифати ҳамкорӣ мавҷуд будааст. Бинобар ин Ҳусайн Воиз ду тафсири худ «Мавоҳиби Алӣ» ё «Тафсири Ҳусайнӣ» ва «Ҷавоҳир-ут-тафсир-ал-туҳфат-ул-амир», ки онро «Тафсири Заҳравийн» низ баршуморидаанд, ба нияту хотири дӯстӣ ба номи Алишери Навоӣ таълиф намудааст, ин асар нотамом мондааст. Навоӣ бошад, дар баробари чунин подош дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис» дар хусуси воизи воломақоми замон, ки кайҳо миёни ҳиротиён ва дигар мардумони марзу буми Хуросон шӯҳрати ангуштнамо касб карда буд, чунин нигошта: «Мавлоно Ҳусайн Воиз «Кошифӣ» тахаллус мекунад ва аз вилояти Сабзавор аст. Муддати бист сол аст, ки дар шаҳри Ҳирот сокин аст. Мавлоно бағоят зӯфунун ва пуркори воқеъ шуда ва кам фанне бошад, ки ӯро дар он дахле набошад. Хусусан ваъз ва иншо ва нуҷум, ки ҳаққи ӯст ва дар ҳар яке аз ин корҳое машҳур ва мутааййин вуқуфи тамоме дорад ва аз мусаннифоташ яке «Ҷавоҳир-ут-тафсир» аст, ки ба сад ҷузъ наздик аст». Хондамир дар «Ҳабиб-ус-сияр» (ҷ. III, ҷузъи 3, с. 341) ба гуфтаи Навоӣ афзуда, овардааст: «Воиз дар илми нуҷум ва иншо бемисли замони худ буд ва дар соири улум низ амсолу акрон даъвои баробарӣ менамуд. Ба овози хушу савти дилкаш ба амри ваъзу насиҳат мепардохт... ва чун муқтазои аҷали мавъуд даррасид, фӣ санати ашара ва тисъамиати (910 ҳиҷрӣ) муҳри сукут бар лаб зад ва олами охиратро манзил сохт».
Мероси адабиву ахлоқии Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ доманаи фарох ва паҳнои бепоён дорад. Андар миёни ин осори боарзиш фанҳои мухталиф: ахлоқ, таърих, тасаввуф, нуҷум, риёзиёт, фиқҳ ва дигарро, ки ададу номгӯи онҳоро Маликушшуаро Баҳор дар асари хеш «Сабкшиносӣ» зиёда аз чиҳил асари ҷудогона баршумурдааст, фаро мегиранд. Машҳуртарин осори Ҳусайн Воиз, ки то ба мо расидаанд аз «Тафсири Ҳусайнӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Тафсири заҳровин», «Рисолаи Ҳотамия», «Бадоеъ-ул-афкор фи саноеъ-ул-ашъор», «Луби лубоби маснавӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Анвори Суҳайлӣ», «Мавоҳиб-ул-зуҳал», «Лавомеъ-ул-қамар», «Махзан-ул-иншо» ва дигарон мебошанд. Бисёр бо таассуф тазаккур бояд дод, ки то кунун осори ин суханвари соҳибсалику хушзеҳни фозил дар миёни ҳамзабононаш — мо тоҷикон тадқиқу татбиқи ҳамаҷонибаи илмиву адабии худро дар илми адабиётшиносии ватаниву хориҷӣ ба тавре, ки бояду шояд дарёфт накардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор