Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Пас, чароғе, ки панҷ фатила дошта бошад, равшан гардонад. Бародарон, ки камарбаста бошанд, агар ҳама ҳозир натавонанд шуд, албатта ду бародар бояд, ки ҳозир бошанд. Пас, падари аҳд фарзандро ба аҳд дароварад: То... бухлу кибр ва ҳасаду бадӣ бар бародарон раво надорад; дар амонат хиёнат накунад; инсоф бидиҳад; инсоф наситонад; мурид бошад; мурод диҳад; карим бошад; ин тоифаро мукаррам дорад; бар ноқобил нахандад.

Пас, устоди шадд бар пой хезад ва фарзандро бар чапи худ нигоҳ дорад ва ҳарду рӯй ба шайх биистанд. Шайх дасти фарзанд бигирад ва ӯро аз ҳар гуна гуноҳҳо тавба диҳад ва шаддро аз китфи худ бигардонад ва ба дасти чап фуруд оварад. Пас, шаддро рост ба миёни саҷҷода андозад ва хутба хонад. Пас, хутба хонда шуд, арконе, ки дар футувватнома зикр аст, бихонанд ва бар фарзанд ҳуҷҷат гиранд. Он гоҳ устоди шадд бархезад ва ҳарду даст ба зери шадд бароварад. Аввал, дасти рост ва чаҳор ангушт дар зери шадд оварад ва ангушти ишорат зери шадд дорад ва он гоҳ сухане, ки бояд гуфт, дар гӯши фарзанд бигӯяд. Пас, обу намакро ба ҳозирон чашонад ва агар ҳалво бошад, ба шарте бирасонад. Пас, баъд аз се рӯз фарзанд назди устод ояд ва гиреҳ аз миёни вай бикшояд...

ФАСЛИ ДАҲУМ

ДАР МАЪНИ ВА ФАВОИДИ МУТАФАРРИҚА, КИ ТААЛЛУҚ БА ШАДД ДОРАД

Агар пурсанд, ки шайху падари аҳд чаро мебояд, ки дар маҳфил бошанд, бигӯй, ки шайх ба ҷои қозӣ аст, падари аҳд ба ҷои вакил.

Агар пурсанд, ки чаро камтар аз ду бародари тариқ намебошад, бигӯй, барои он ки эшон мисли ду гувоҳанд бар иқрори фарзанд ва гувоҳ бар иқрор аз ду камтар намебояд. Агар пурсанд, ки маънии обу намак, ки дар маҷлис ҳозир мекунанд, чист, бигӯй, ишорат ба он ки аҳли тариқ бояд чун об софу равшандил бошанд ва ҳаққи намаки якдигар риоят кунанд, то чун обу намак дар ҳама ҷо роҳ дошта бошанд.

Агар пурсанд, ки маънии чароғи панҷ фатила чист, бигӯй, ишорат аст бад-он ки чароғи дил ба муҳаббат бояд афрӯхт, то олами вуҷуд бад-он равшан гардад.

Агар пурсанд, ки фарзандро чаро дар вақти миён бастан ба дасти рост ҷой диҳанд, бигӯй, ки ба ростӣ хӯй кунад ва донад, ки миён ба ростӣ бояд баст на ба бозӣ.

пешина
аз 242
навбатӣ