Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
ФАСЛИ ҲАФТУМ
ДАР САНАДИ МИЁН БАСТАН
... Агар пурсанд, ки миёнбастагони аввал кадомҳоянд, бигӯй, ҳафдаҳ: якум, Салмони Форсӣ; дуюм, Абузарри Ғаффорӣ, сеюм, Аммори Ёсар; чорум, Миқдори Асвад; панҷум, Ҳисони Собит; шашум, Абуубайди Ҷарроҳ; ҳафтум, Ҷобири Ансорӣ; ҳаштум, Суҳайли Яманӣ; нӯҳум, Муслими Маккӣ; даҳум, Малики Аштар; ёздаҳум, Довуди Мисрӣ; дувоздаҳум, Суҳайли Румӣ; сездаҳум, Амрӯ ибни Умияи Замрӣ; чордаҳум, Сайфи Яманӣ; понздаҳум, Қанбари Алӣ; шонздаҳум, Ҷавонмарди қассоб; ҳабдаҳум, Абулмиҳҷан.
Санади миёнбастагони Мовароуннаҳру Хуросон ва Табаристону Ироқ ва Аҷаму Араб ба Салмон мутааллиқ аст. Санади сокинони Мисру Искандария ва Ҳалабу тобеи он ба Довуди Мисрӣ, санади аҳли Руму Мағриб ва баъзе аз ҷойҳои Озарбойҷон ба Суҳайли Румӣ ва санади аҳли Яман ва Адану Барбар, Ҳиндустон то сарҳади Чин ба Абулмиҳҷан мерасад.
Агар пурсанд, ки санади Салмониён чӣ гуна аст, бигӯй, ҳар тоифаеро санади дигар бошад. Барои он ки Салмони Порсӣ миёни Алии Ансорӣ баст ва Алии Ансорӣ миёни Ашҷани Маданӣ баст ва ӯ миёни Абумуслими Хуросонӣ баст ва ҳамчунин ҳар як миёни дигаре, ки мебастанд, иловаю фарқиятҳо падид меомад, ки сабаби гурӯҳҳои мухталиф: риёзия, шаҳна, ҳулдия, матвия, муслимия, мавлоия ва монанди инҳо пайдо шуд. Ҳосили ҷамъ он ки ҳар миёнбастаи аҳли Хуросону Ироқу Мовароуннаҳр, ки санади худро ба Салмони Порсӣ дуруст мекунад, марди комил аст.
ФАСЛИ ҲАШТУМ
ДАР ҲАЛВОИ ХУФИЯ
Агар пурсанд, ки хуфия чӣ маъно дорад, бигӯй, хуфия дар луғати араб локӣ (зарфи) чӯбинро гӯянд ва чун ҳалвои шадд дар чунин локӣ ба ҳам мерасад, онро ба хуфия боз хонанд. Агар пурсанд, ки ҳалвои хуфия аз чӣ чиз бувад, бигӯй, аз равғани тоза, хурмо ва нон. Ҷумларо дар хуфия чангол карданд, чун ширин буд, онро ҳалво гуфтанд. Ин ҳалво оташ надида... аст.
ФАСЛИ НУҲУМ
ДАР КАЙФИЯТИ МИЁН БАСТАН
... Чун устод хоҳад, ки миёни касе бубандад, аввал бояд ки дар макони васеи покиза маҷлис созанд. Пас, фарзанди тариқат дар маҷлиси пиру падари аҳд ва устоди шадд таъин кунад ва нақиб фармояд, ки эй азизон, фалон рӯз дар он маҳфил шайху нақиб ва бародарони тариқ ҳозир гарданд. Он гоҳ саҷҷодаи шайхро биандозанд, пас саҷҷодаи шаддро биандозанд ва ҳарду саҷҷодаро гӯша ба гӯша пайваста бояд ва саҷҷодаи шайх бояд ки бар дасти рост бошад ва шайх бар саҷҷода биншинад ва устоди тариқат, ки падари аҳд гӯянд рӯ ба рӯи шайх биншинад ва ду бародари тариқат ба дасти чапи падари аҳд биншинанд ва ба паҳлуи якдигар... Косаи оби софе дар маҷлис ҳозир гардонанд ва қадре намаки сафеди пок, ки ҳеҷ чиз бо вай омехта нашуда бошад. Нақиб он обу намакро дар якдигар омезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор