Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки чаро дар дасти чап низ медоранд ва он ишорат ба чист, бигӯй, ишорат бад-он ки мебояд ҳар коре, ки фарзанд кунад ба дил кунад, ки дил бар ҷониби чап мебошад.
Агар пурсанд, ки се қадаме, ки устод аз сари шадд дур шуд чӣ маънӣ дорад, бигӯй, ишорат аст, бад-он ки як қадам бар сари нафс... ниҳодам ва яке бар сари шайтони лаин ва яке бар сари сарват, то касе ин се чизро поймол накунад, даст ба шадд натавонад расонид.
Агар пурсанд, ки сухане ки дар гӯши фарзанд мегӯянд, кадом аст, бигӯй, се нафс (сухан) аст, ки устод ба фарзанд мегӯяд, чунончи пир ҳам се нафс мегӯяд.
Аммо нафсҳои устод ин аст: Бархез ба хизмат, биншин ба ҳурмат ва бигӯй ба ҳикмат!
Агар пурсанд, ки калимоте, ки устод дар вақти миён бастан ба шогирд мехонад чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ: аввал, меҳрубонӣ ба дӯстон; дуюм, табарро аз душманон; ... панҷум, адл кардан; шашум, аз ҳасад дил бардоштан; ҳафтум, шароити футувват донистан ва ба ҷой овардан; ҳаштум, ҷавонмардӣ кардан; нӯҳум, бо пир мурид будан; даҳум, муридро пир будан; ёздаҳум, ғолибро нозил будан; дувоздаҳум, нозилро ғолиб шудан.
Агар пурсанд, ки бастану кушодани шадд ишорат бар чист, бигӯй, ишорат аст ба он ки дар тариқ чанд чиз бастанӣ асту чанд чиз кушоданӣ. Агар пурсанд, ки бастанӣ чанд аст ва кушоданӣ чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ чиз бастанӣ ва чаҳордаҳ чиз кушоданӣ.
Агар пурсанд, ки бастаниҳо кадом аст, бигӯй: Аввал, бастани чашм аз ҳарому нодиданиҳо; дуюм, бастани гӯш аз ношуниданиҳо; сеюм, бастани забон аз ногуфтаниҳо; чорум, бастани фикр аз ғайр; панҷум, бастани сина аз ҳасаду кина; шашум, бастани дил аз шак; ҳафтум, бастани даст аз озори халқ ва ногирифтаниҳо; ҳаштум, бастани шикам аз нохӯрданиҳо...; нӯҳум, бастани банди футувват аз зино ва нокарданиҳо; даҳум, бастани пой аз мавозеи тӯҳмат ва норафтаниҳо; ёздаҳум, бастани хотир аз фикрҳои беҳуда; дувоздаҳум, бастани роҳи бухлу тамаъ.
Агар пурсанд, ки кушоданиҳо кадом аст, бигӯй: аввал кушодани дар ба рӯи меҳмон; дуюм, кушодани банди суфра барои гуруснагон; сеюм, кушодани пешонӣ барои мулоқоти мардумон; чорум, кушодани чашм ба дидани пирон ва муридон; панҷум, кушодани гӯш ба сухани устодон ва орифон; шашум, кушодани забон ба зикри субҳон; ҳафтум, кушодани даст ба шафқат ва эҳсон; ҳаштум, кушодани сина ба муҳаббати мардумон; нӯҳум, кушодани дил ба ишқ; даҳум, кушодани дари фикр ба ҳақоиқи ашъё; ёздаҳум, кушодани қадам ба корҳои хайру савоб; дувоздаҳум, кушодани хотир ба нуктаҳои хуб; сездаҳум, кушодани дари ахлоқ ба некӯӣ; чаҳордаҳум, кушодани роҳи саховат ва дилҷӯӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор