Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хизмат куну устод шав.
Ва дар ин роҳ он кас, ки миёни касеро бандад, ӯро устоди шадд гӯянд ва шогирдро, ки даъвои миён бастан дорад, халаф гӯянд ва фарзанди тариқ низ хонанд.
Баъд аз он ки шахси соҳибсаодат ба баракати нури иродат домани пири соҳибкамол ба даст овард ва дояи он кард, ки дар зумраи футувват дохил гардад ва аз ҷамъи миёнбастагон шавад, ӯро аз устоди шадд чора нест... Ҳар касе устодиро нашояд, балки марде комилу мукаммал бояд, то қавоиди ин кор ба ҷой оварад.
Агар пурсанд, ки шароити устоди шадд чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, он ки устоди комил миёни вай баста бошад, ки агар марде даст ба миёни ӯ нарасонида бошад, ӯро нарасад, ки даст ба миёни фарзанде (шогирд) расонад. Дуюм, он ки ҳар сифате ки дар футувват аст ӯро ҳосил бошад.
Сеюм, он ки хурдаҳои тариқат дониста бошад ва пухтаҳои муҳаққиқон маълум карда, то ба фарзанд расонад.
Агар пурсанд, ки устоди комил кист, бигӯй, он ки покмазҳаб ва бино ба айби худ, доно ва соҳибтамиз бошад, ҳасуду кинадор ва бахил набошад.
...Чаҳорум, бояд ки устоди миён бастан... онро аз рӯи ростӣ донад, то пай ба асл бурда бошад.
Панҷум, бояд миёни фарзандро дар маҳфиле бандад, ки шайху нақибу бародарони тариқ бошанд ва агар муяссар нашавад ба ҳузури ҷамъе миён бастан бояд, на дар гӯшаи хилвате.
Шашум, бояд ки мулоҳизаи ҳоли фарзанд намояд, ки лоиқ ҳаст, ки шадд ба ӯ расонад ё не? Агар лоиқ надонад, тарки миён бастани ӯ кунад, вагарна зулм карда бошад...
Агар пурсанд, ки аркони миён бастан чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, он ки устод қисматҳои шадд ва навъҳои онро донад ва баён кунад. Дуюм, фарзандро то чиҳил рӯз хизмат фармояд, баъд аз он бардошт кунад. Сеюм, обу намак ба маҷлис ҳозир кунад. Чорум, чароғи панҷ фатила равшан кунад. Панҷум, миёни фарзанд ба шарт бибандад. Шашум, ҳалвои шадд тартиб диҳад.
Агар пурсанд, ки мустаҳиботи миён бастан чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, саҷҷодаи (рӯйҷой) шаддро андохтан; дуюм, дасти чап ба сари фарзанд ниҳодан; сеюм, ба дасти рост фарзандро гирифтан; ...Ҳафтум, баъд аз се рӯз миёни фарзанд кушодан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор