Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки одоби миён бастан чанд аст, бигӯй, даҳ: Якум, пирону пешкадамонро ёд кардан; дуюм, фарзандро сафои назари бародарони тариқ кардан; сеюм, чун дасти фарзанде ба даст бигирад фотеҳаю салавот фиристодан; чорум, се қадам аз канори саҷҷода пас рафтан; панҷум, шаддро аз кафи худ ба дасти чап фуруд овардан; шашум, дар ҳар маҳалле ояте, ки маъқул аст хондан; ҳафтум, фарзандро бар қоида рӯй ба роҳ кардан, яъне ҳар сухане, ки бо ӯ бояд, ба ростӣ гуфтан; ҳаштум, ҳалворо мизон гирифтан; нӯҳум, вақти даст гирифтани фарзанд ангушти ишоратрӯ ба ангушти ишорати ӯ ниҳодан; даҳум, ҳар амале, ки кунад маънии онро ба исбот боз намудан.

Агар пурсанд, ки устоди комил дар миён бастан кист, бигӯй, он ки покмазҳабу бино ба айби худ ва доно ба кори мурид ва соҳибтамиз бошад ва ҳасуду кинадору бахил набошад.

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

ДАР ШАРОИТИ ШОГИРД

Агар пурсанд, ки бинои шогирдӣ бар чӣ чиз аст, бигӯй, ба сари иродат. Агар пурсанд, ки иродат чист, бигӯй, самъу (гӯш кардан) тоат. Агар пурсанд, ки самъу тоат чист, бигӯй, ҳар чӣ устод гӯяд, ба ҷон бишнавад ва ба дил қабул кунад ва ба тан фармон барад. Агар пурсанд, ки шогирдро чӣ беҳтар, бигӯй, эътиқоди пок, ки ҳар кӣ ба мурод расид, аз рӯи эътиқод расид.

Агар пурсанд, ки шогирд аз чӣ чиз ба матлуб расад, бигӯй, аз хизмат. Агар пурсанд, ки бинои хизмат бар чист, бигӯй, ба тарки роҳат ва кашидани меҳнат.

Агар пурсанд, ки аркони шогирдӣ чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, он ки мардона шурӯъ кунад, ки шурӯъ нокардан беҳ аз фурӯгузошту аз роҳ баргаштан аст... Дуюм, ба сидқи тамоми хизмат кардан. Сеюм, дилу забонро ба ҳам рост доштан. Чаҳорум, панд пазируфтан ва ҳар чӣ аз устод шунавад, ёд гирифтан.

Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, чун дарояд, ибтидо ба салом кунад. Дуюм, дар пеши устод кам сухан гӯяд. Сеюм, сар дар пеш андозад. Чаҳорум, чашм ба ҳар ҷой накушояд. Панҷум, агар хоҳад, ки масъала пурсад, аввал дастур (иҷозат) талабад. Шашум, чун ҷавоб гӯяд, эътироз накунад. Ҳафтум, дар пеши устод ба касе сухани саргӯшӣ (гӯшакӣ) накунад. Ҳаштум, ба ҳурмати тамоми нишасту бархост кунад.

пешина
аз 242
навбатӣ