Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
БОБИ СЕЮМ
ДАР БАЁНИ НАҚИБ ВА ПАДАРИ АҲДУ УСТОДИ ШАДД ВА ШОГИРДУ БАЙАТИ ШАДД ВА ШАРОИТУ ОДОБ ВА АРКОНИ ОН
ФАСЛИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ НАҚИБ
Агар пурсанд, ки нақиб чӣ маъни дорад, бигӯй, нақиб дар луғати араб шиносандаро гӯянд. Яъне нақиб шиносандаест ва ӯст гувоҳи қавму замони эшон. Дар истилоҳ нақиб онро гӯянд, ки тафаҳҳуси ҳолҳо кунад, яъне нақиб он кас аст, ки ӯро фазоили бисёр ҷамъ шуда бошад (яъне донишманди забардаст бошад).
Агар пурсанд, ки киро бояд нақиб номид, бигӯй, он кас, ки даҳ сифат вайро ҷамъ бошад: Аввал, он ки олим бошад. Дуюм, омил бошад. Сеюм, роҳрафта бошад. Чаҳорум, раҳнамо бошад. Панҷум, носеҳ бошад. Шашум, некхоҳ бошад. Ҳафтум, сахӣ бувад. Ҳаштум, хушхӯй бошад. Нӯҳум, ҳақгӯй бошад. Даҳум, сирпӯш бошад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи нақиб чӣ маъни дорад; бигӯй, «Н» — ниёз аст; «Қ» — ишорат ба қабул аст; Нақиб бояд ки ҳама фарзандони тариқро ба муҳаббат қабул кунад, то мақбули умум бошад. «И» — ишорат ба ёриву ҳаводорӣ аст. «Б» — ишорат ба беҳбудӣ аст. Нақиб бояд беҳбудии аҳли футувват талабад, то аз ҳама беҳтару меҳтар бувад....
ФАСЛИ ДУЮМ
ДАР БАЁНИ ПАДАРИ АҲД
Агар пурсанд, ки падари аҳд кист, бигӯй, он кӣ фарзанд ба аҳд дароварад.
Агар пурсанд, ки чӣ гуна ба аҳд дароварад, бигӯй, чунон ки падар гӯяд ба аҳд даромадӣ, ки мутобиати шайтон накунӣ ва аз макруҳоташ бипарҳезӣ, гӯяд даромадам ва аҳд кардам, ки хилоф накунам.
Агар пурсанд, ки аҳдномаи тариқ кадом аст, бигӯй, он кӣ мурид дар иҳотаи ҳозирон, ки гувоҳанд ният карда ба ҳалқаи фатиён дохил гардад...
ФАСЛИ СЕЮМ
ДАР БАЁНИ УСТОДИ ШАДД
(КАМАРБАНДИ ВАФОДОРИ) ВА ШАРОИТИ ОН
Бидон, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Нақл аст, ки агар касе ба мартабаи кашфу каромат расад ва корҳои куллӣ аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоде (ҳеҷ устоде) ба устодӣ дуруст набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наояд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маъно рафике беҳтар аз устод нест.
Пас, ҳар кӣ хоҳад (ки коре) ба асл бошад, ибтидо ба устоди комил бояд кард... Ба ғояти далел равшан аст, бар он ки устод бояд ва бе мутобиати устод аз ҳеҷ кас коре наояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор