Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
БОБИ ДУЮМ
ДАР БАЁНИ ПИРУ МУРИД ВА ОН ЧИ ТААЛЛУҚ БАД-ОН ДОРАД
ФАСЛИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ ОН КИ ДАР ТАРИҚ ЭҲТИЁҶ БА ПИРИ КОМИЛ ҲАСТ Ё НЕ?
Бидон, ки дар роҳи тариқат ба пир эҳтиёҷи тамом аст... Оид ба ин масъала Салмони Соваҷӣ фармудааст:
Раҳбаре ҷӯ, ки дар ин бодия ҳар сӯ роҳ аст,
Марди саргашта чӣ донад, ки куҷо бояд рафт!
...Ҳамчунин, Ҷалолиддини Румӣ мефармояд:
Пир тобистону халқон тирамоҳ,
Халқ монанди шабанду пир моҳ...
Барнавис аҳволи пири роҳдон,
Пирро бигзину айни роҳ дон.
ФАСЛИ ДУЮМ
ДАР ШАРОИТИ ШАЙХӢ
Бидон, ки дар роҳи тариқат роҳзанон бисёранд, ки доми ҳилла ниҳодаанд, то кӯтаҳназаронро ба донаи зарқу фиреб гирифтор созанд. Пас, касеро ба пирӣ бояд гузид, ки шароити пирӣ ва аркону меъёри он дониста бошад ва ҳосил карда, чуноне ки Мавлавӣ гуфтааст:
Чун басе иблиси одамрӯй ҳаст,
Пас, ба ҳар дасте нашояд дод даст.
Агар пурсанд, ки шайх чӣ маънӣ дорад, бигӯй, шайх дар луғат пирро гӯянд ва дар истилоҳи аҳли фақр шайх касеро гӯянд, ки худ комил бошад ва тавонад, ки дигарро ба камол расонад ва ба шароиту аркони шайхӣ доно бошад.
Агар пурсанд, ки шароити шайхӣ ва мурид гирифтан чанд аст, бигӯй, бист шарт мебояд, то касе пири комил бошад ва мурид тавонад гирифт. Аввал, он ки эътиқоди ӯ пок бошад, то мурид ба воситаи ақидаи ӯ аз роҳи рост наяфтад. Дуюм, бояд ки ба қадри зарурат илм дониста бошад ва аз илми фақр ва тариқат низ баҳраманд бувад, то ҳар мушкиле, ки муридро пеш ояд ҳал кунад. Сеюм, бояд ки бо ақли маодӣ (қавлу қарор кардан) ақли маъош дошта бошад, то дар тарбияи мурид ба шарт истодагӣ тавонад кард. Чаҳорум, бояд, ки сахӣ ва ҷавонмард бошад, то муридро аз ғуссаву дағдағаи хӯроку либоси зарурӣ фориғ тавонад сохт. Панҷум, шуҷоъ бояд, то аз маломати халқ ва фитнаи эшон наандешад ва муридро ба қавли ҳар касе рад накунад. Шашум, афиф-ал-нафс ва покдоман бояд, ки ба номаҳрам назар накушояд, то мурид аз вай дар гумон наяфтад. Ҳафтум, олиҳиммат бояд ва тамаъ аз моли мурид бурида дорад. Ҳаштум, мушфиқ бояд, то дар ҳаққи муридон марҳамат фурӯ нагузорад. Нӯҳум, ҳалим бояд, то бар ҳар ҳаракате хашм нагирад. Дахум, соҳиби авф бояд, то агар аз мурид ҳаракате, ки ба тариқи рост набошад, дар вуҷуд ояд, авфро кор фармояд. Ёздаҳум, хушхулқ бояд, то мурид дар сӯҳбати ӯ дуруштхӯй нашавад. Дувоздаҳум, соҳибнисор бояд, то аз худ боз гирад ва ба мурид расонад. Сездаҳум, карим бояд, то муридро ба ҳиммат аз худ баҳраманд гардонад. Чаҳордаҳум, мутамаккин бояд, то муридро парвариш тавонад кард. Понздаҳум, соҳиби ризо ва таслим бояд, то зиёдат ҳирс нанамояд. Шонздаҳум, бояд ки бо виқор бошад, то бо муридон ба ҳурмат зиндагонӣ кунад. Ҳафдаҳум, бояд ки сокин ва собитҳол бошад ва таъҷил нанамояд, то ба оҳистагӣ дар мурид тасарруф тавонад кард. Ҳаждаҳум, бояд ки боҳайбат бошад, то муридро аз ӯ шукӯҳ дар хотир бошад ва сухани ӯро ба маҳалли қабул расонад. Нуздаҳум, бояд ки муаддаб (боадаб) бошад, то дар ғайбату ҳузури ӯ мурид адаб нигоҳ дорад. Бистум, бояд ки хизмати пири муршид карда бошад, то ҳар чӣ аз пир дида бошад бо мурид ба кор барад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор