Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Кори дарвешӣ вароъи¹ фаҳми туст,
Сӯи дарвешон бимангар суст-суст.
Ҳаст дарвешӣ чу болоин табақ,
Аз ҳама бурданд дарвешон сабақ.
¹ Вароъ — пас, ақиб.

Агар пурсанд, ки аломати фақр чанд аст, бигӯй, се: Аввал, шафқате чун офтоб, ки бар ҳама кас метобад ва ҳеҷ чизро дар партави ҷамоли худ бебаҳра намегузорад. Дуюм, тавозуъ чун замин, ки ҳар кӣ бар он пой мениҳад, аз неку бад таҳаммул мекунад ва аз мақоми худ намепаравад. Сеюм, саховате чун абр, ки бар хушку тар меборад ва гӯристону гулистон фарқ намекунад...

Агар пурсанд, ки мақомоти фақр чанд аст, бигӯй, фақрро чаҳорсад мақом аст ва онро ба чиҳил бозовардаанд ва он чиҳилро ба чаҳор дарҷ сохтаанд: Аввал, хизмат; дуюм, иззат; сеюм, тарки ҳавои нафс ва чаҳорум таслим.

Агар пурсанд, ки зоди тариқи фақр чанд аст, бигӯй, даҳ: Аввал, ҳилм; дуюм, ҳаё; сеюм, адл; чаҳорум, покии зоҳир; панҷум, покии ботин; шашум, ҷавонмардӣ; ҳафтум, сирпӯшӣ; ҳаштум, таваккал; нуҳум, мададгорӣ; даҳум, ихтиёр.

Агар пурсанд, ки калиди дари фақр чист, бигӯй, тавба, ки то он ҳосил нашавад, дари фақр ба рӯи касе кушода нашавад.

Агар пурсанд, аркони тавба чанд аст, бигӯй, се: Аввал, истиғфор ба забон; дуюм, пушаймонӣ ба дил; сеюм, азимат дуруст кардан, ки ҳаргиз ба сари он гуноҳ наравад.

Агар пурсанд, ки аз кадом роҳ ба фақр даромадӣ, бигӯй, аз роҳи ниёз. Агар пурсанд, ки ҳамроҳат кӣ буд, бигӯй, сидқу эътиқод. Агар пурсанд, ки сари сидқу эътиқод чӣ буд, бигӯй, муҳаббати дарвешон. Агар пурсанд, ки фақр ба чӣ чиз тамом шавад, бигӯй, ба хулқи некӯ. Барои он ки ҳар кӣ хулқ дорад, сифатҳои дигар, ки дар фақр ба кор оянд ҳам дорад. Ба воситаи ин маъни бузургон гуфтаанд, ки ҳар чӣ дар тамоми аркони фақр мавҷуд аст дар хулқ мавҷуд аст, зеро ки ҷое ки хулқ бошад, лозим аст, ки илм бошад. Ҳар ҷое ки илм бошад, лозим аст, ки ҳилм бошад ва ҳар ҷо ки ҳилм бошад, лозим аст, ки зуҳд бошад...

Агар пурсанд, ки ҳуруфи дарвеш ишорат ба чӣ чиз аст, бигӯй, ин маъниро Шоҳ Қосими Анвор ба назм овардааст:

Дарвеш, ки ҳарфи ӯ ба сурат панҷ аст,
Андар маъни бидон, ки беш аз пеш аст.
«Дол» аст далели он ки бо дард бисоз,
Гар бар тани ту ҳар сари мӯ сад неш аст.
«Ро» рӯю риё макун, ки аз рӯю риё,
Расвоии бегонаву ранҷи хеш аст.
«Вов» аст видои ғайр мавло кардан,
В-ин кор чунин кор яке бе хеш аст.
«Й» якдилу якранг шав андар раҳи ишқ,
Якдил набувад касе, ки ӯ бо хеш аст.
«Шин» он кӣ кунад шукру шикоят накунад,
В-андар пайи хасми хеш некандеш аст.
Онро, ки чунин панҷ фазилат дорад,
Дарёбу дар ӯ гурез, кӯ дарвеш аст.

пешина
аз 242
навбатӣ