Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Мӯътакифони ҳарами кибриё,
Шуста зи дил сурати кибру риё.
Шоҳнишинони бисоти қадам,
Роҳнишинони риботи адам.

Панҷум, эшонро барои он сӯфӣ мегӯянд, ки сӯфӣ дар луғат пашмро гӯянд ва чун эшон дар аксар вақт ҷомаи пашмина пӯшанд, эшонро сӯфӣ гӯянд ва ин сухан ба ҳасби арабия саҳеҳ аст, чӣ нисбат ба суф сӯфӣ ояд.

Агар пурсанд, ки бинои тасаввуф бар чанд чиз аст, бигӯй, ба даҳ чиз: Аввал, илм; дуюм, ҳилм; сеюм, тақво; чаҳорум, сахо; панҷум, шукр; шашум, сидқ; ҳафтум, вафо; ҳаштум, ризо; нӯҳум, сафо; даҳум, ишқ.

Агар пурсанд, ки аркони тасаввуф чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, ҳол; дуюм, сирр; сеюм, хотир; чаҳорум, ишорат.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи тасаввуф чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «Т» — таҷрид аст, яъне ба зоҳир тарки тааллуқ гирад, «С» — сидқу сафост, яъне ботинро равшан созад, «В» — вафо, яъне ба аҳду муҳаббат вафо кардан, «Ф» — ишорат ба фаност, яъне худро дар баҳри мушоҳидаи анвори ҷамол мустағриқ созад.

Агар пурсанд, ки тасаввуф ба чанд чиз тамом шавад, бигӯй, се чиз: Аввал, таҷрид. Дуюм, тафрид ва сеюм, тавҳид...

Агар пурсанд, ки ҳуруфи сӯфӣ ишорат ба чист, бигӯй, ҳар як ишора ба сифатест, ки сӯфиро аз он чора нест: Аввал «С» — нигоҳ доштани хилватхонаи дил, аз он ки ғайри дӯст касе огоҳ нагардад. Дуюм, «В» (вов) — ишорат ба вақояти сирр, яъне сирри худро чунон нигоҳ дорад, ки дасти ғорати шайтон ба он нарасад ва мурод аз ин мартаба ихлос аст.

Ҳар ки ба ихлос қадам мезанад,
Исои вақт аст, ки дам мезанад.

Сеюм, «Ф» — ишорат аст ба файз гирифтан ва файз расонидан, яъне аз болотари худ фоида гирад ва ба фурӯтар аз худ фоида расонад, чуноне ки гуфтаанд:

Аз бузургон мустафидам бо фурӯдастон муфид,
Олами таҳсилро ҳам содирам ҳам воридам.

Ниҳоят «Й» яқин аст...

Пой ба рафтори яқин сар шавад,
Санг ба пиндори яқин зар шавад,
Роҳи яқин ҷӯй ба ҳар манзиле,
Нест муборактар аз ин ҳосиле...

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

ДАР БАЁНИ ФАҚР ВА ОДОБУ АРКОНИ ОН

Бидон, фақр ҷавҳарест аз кони вилоят берун омада ва ахтарест ба осмони ҳидоят тобон шуда ва дар сифати фақр ҳамин нукта бас аст, ки пири маънавӣ — Мавлоно Ҷалолиддин дар дафтари аввали «Маснавӣ» мефармояд:

пешина
аз 242
навбатӣ