Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки аркони шайхӣ чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, маърифати комил, яъне худро шинохта бошад. Дуюм, фаросати тамом, ки чун назараш бар мурид афтад донад, ки аз мурид чӣ меояд ва ӯро чӣ кор мебояд фармуд. Сеюм, қуввате ба камол, ки чун мурид ба ақабае дармонад, ба қуввати маънавӣ тавонад, ки ӯро аз он бираҳонад. Чаҳорум, истиғнои тамом.
Панҷум, ихлоси болиғ, ки аз рӯю риё бартараф бошад ва ҳеҷ касро ба воситаи молу ҷоҳу мансаб таъзим накунад. Шашум, ростӣ ва дӯстӣ, ки сухани ҳақ аз ҳеҷ кас боз нагирад ва дар сухан гуфтан майлу мудоҳана (дурӯғӣ) накунад. Ҳафтум, шафқате ба ғоят, то масолеҳи мурид ва умумро бар масолеҳи худ муқаддам дорад.

Агар пурсанд, ки меъёри шайхӣ кадом аст, бигӯй, он ки мурид ба куллӣ аз дили вай салб (ғорат) карда бошад, то муридро мурод тавонад сохт.

Агар пурсанд, ки воҷиботи шайхӣ чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, он ки муридро аз ҷамеи кудуратҳо бираҳонад. Дуюм, он ки ҳар чӣ муридро фармояд, бояд ки ба ҷой оварда бошад ва ҳар чӣ муридро ба рад даъват кунад, худ низ тарк карда бошад. Сеюм, он ки худро чун чӯпон донад ва муридро чун рама, ба ҳеҷ навъ дар муҳофизати эшон тақсир накунад. Чаҳорум, он ки дар моли мурид ба ҷиҳати худ тасарруф накунад ва дар муҳиммоти худ ба кор набарад.

Агар пурсанд, ки исботи шайх чист, бигӯй, бар мисоли дарё будан, яъне ба ҳеҷ навъ тағйиру табдил ба худ роҳ надиҳад ва ҳама чизро таҳаммул кунад...

Агар пурсанд, ки нури шайхӣ чист, бигӯй, он ки муридро аз зулмоти куфру ширк (шубҳа) бираҳонад ва ба сарманзили ҳидоят ва сарҳади наҷот бирасонад.

Агар пурсанд, ки адаби шайхӣ чист, бигӯй, он ки назари хиёнат ба ҳеҷ кас накунад ва бар ҳама мушфику меҳрубон бошад.

Агар пурсанд, ки пири ҳақиқӣ кист, бигӯй, он ки шаш панд: аз бедории шаб, омӯхтани илм, нанишастан бо бадон, аз ғайбату дурӯғ эмин доштан, хушнудии халқ ва ғайра аз мурид бознадорад.

ФАСЛИ СЕЮМ

ДАР ОДОБИ МУРИД ВА ШАРОИТИ ОН

Бидон, ки иродат давлати бузургест ва дар дили мурид чун пайдо шавад, тухми ҳамаи саодатҳост. Чунончи, Шайх Саъдӣ фармудааст:

Иродат надорӣ саодат маҷӯй,
Ба човгони хизмат тавон бурд гӯй.

пешина
аз 242
навбатӣ