Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва дар пойтахти ӯ айёрпешае буд, ки барои як динор сад динор хуни ноҳақро миён бастӣ ва бо умеди андак фоидае (хонаи) бисёр касонро ба оташи бедод сӯхтӣ. Байт:
Чу чашми нозанинон буд хунрез,
Чу зулфи хубрӯён фитнаангез.

Подшоҳи Яман ӯро талаб кард ва ба мавоиди подшоҳона мустазҳир (умедвор) сохта бар он овард, ки худро ба қабилаи банни Тай расонад ва ба ҳар ҳилае, ки тавонад ва ба ҳар шӯъбадае, ки донад, Ҳотамро нобуд гардонад. Он кас мутааҳҳиди (ӯҳдадор) қатли Ҳотам ва мутаарризи (ҳуҷумоваранда) афнои вай шуда, мутаваҷҷеҳи қабилаи банни Тай гашт. Ва бад-он сарманзил расида, бо ҷавони хушхӯйи некӯрӯй, ки симои бузургӣ аз ҷабини ӯ дурахшон буд, мулоқот кард. Ҷавон аз рӯи меҳрубонӣ ва ба ширинзабонӣ ӯро пурсиши гарм намуда, пурсид, ки аз куҷо меоӣ ва ба куҷо меравӣ? Айёрпеша ҷавоб дод, ки аз Яман меоям ва ба ҷониби Шом меравам. Ҷавон илтимос намуд, ки як имшаб ба қадами карам висоқи маро мушарраф соз, то моҳазаре (он чӣ тайёр аст), ки бе шоибаи такаллуф муҳайё бошад, ба назари шариф дароварам ва бад-ин таҳашшум (ҳашамат), ки арзонӣ фармоӣ ва кулбаи маро ба нури ҳузур биёрой, бағоят миннатдорам. Мисраъ:

Зи дар ову шабистони мо мунаввар кун.

Айёрпеша бад-ин талаттуф ва мулоимат дилбастаи он ҷавон шуда, рӯй ба манзили вай ниҳод. Алкисса, он шаб маросими зиёфат бар ваҷҳе ба тақдим афтод, ки бар хотири меҳмон хутуре накарда буд ва пиромуни замири ӯ нагашта, ки ҳаргиз умри азиз ва осори мурувват ва атвори инсоният аз ҳеҷ фарде таваққуъ тавон кард ва ба ҳеҷ кас аз абнои забон як бахш аз ҳазор бахши он умед тавон дошт. Соҳат ба соҳат базми он ҷавонро ба дил таҳсин мекард ва ба забон санову офарин мегуфт. Байт:

Таборакаллоҳ аз ин мардумиву хушхӯйӣ,
Гузаштаи зи ҳама некӯвон ба некӯйӣ.

Мизбон лаҳза ба лаҳза такаллуфи дигар менамуд ва матъумоти (таомҳо) гуногун ва машруботи рангоранг тартиб мекард. Байт:

Ҳар нафасе бар сари хонаш нигар,
Хӯрдание хубтар аз хубтар.

Бад-ин минвол то шаби тира ба поён расид ва субҳи равшан рӯй аз машриқ тулӯъ кард, меҳмон бо дидаи гирён видоъи мизбонро миён дарбаст ва ба забони ниёз мазмуни ин байти ҷигарсӯзи дилгудоз адо мекард. Байт:

пешина
аз 242
навбатӣ