Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Пас, асбони бисёр ва табаррукоти бешумор ҷиҳати султони Рум фиристод ва расулро низ аз тӯҳфаҳо ёри кард ва ба хубтар ваҷҳе гусел кард. Чун Азим-ар-Рум аз фаҳвои ин ҳол хабар ёфт, шарти инсоф пеш овард ва ойини мурувват ва қоидаи футувват мар Ҳотамро мусаллам дошт. Ин ҳикоят аз «Бӯстон»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдӣ нақл афтод. Ва ҳикояти дигар ҳам дар «Бӯстон» оварда ки:
— Муосири Ҳотам дар шаҳри Яман подшоҳе буд сифати караму саховат бар ӯ ғолиб ва хислати эҳсону мурувват бар ӯ муставлӣ. Ҳамвора мавоиди (ваъдагоҳ) эҳсони ӯ барои хосу ом муҳайё будӣ ва шарбати инъомаш дар коми мароми мӯҳтоҷон ва дармондагон маҳмо (ба қадри имкон). Байт:
Чу дасти ҷуду бахшиш баркушодӣ,
Зи олам расми хоҳиш барфитодӣ.
Мехост, ки ҷуз номи карами ӯ ба забонҳо мазкур нашавад ва ҷуз сити ҷуду сахои ӯ дар афвоҳи (хабари дахонӣ) халқ наяфтад ва бад-ин сабаб ҳар кас дар пеши вай сифати Ҳотам кардӣ, оташи ғазабаш иштиъол (даргирифтан) намуда ва гуфтӣ: Ҳотам марди саҳронишин аст, аз ҷумлаи раияти вилояти ман, ӯро на рутбаи мамлакатдорист ва на мансаби фармонравой на қуввати ҷаҳонгирӣ дорад ва на бозӯи кишваркушоӣ. Байт:
На ӯро хазонаст, не тахту тоҷ,
На боҷаш касе медиҳад, не хироҷ.
Пайдост, ки аз дасти ӯ чӣ карам ояд ва ба аспу гӯсфанд ва шутуре чанд, ки дорад, чӣ миқдор карам намояд. Ман он чӣ дар соле ҳосили Ҳотам бошад, дар рӯзе ба соил медиҳам ва сад баробари хони ӯ дар як чошт пеши меҳмон мениҳам. Мисраъ:
Тафовут нигар, к-аз куҷо то куҷост?!
АЛҚИССА, малики Яман рӯзе ҷашни азим сохта буд ва тарҳи маҷлиси хос ба хосу ом андохта, ҳамарӯза чун офтоб ба зарафшонӣ машғул буд ва дарвешону ҳоҷатмандонро ба исъофи (баровардан) ҳоҷот ва инҷоҳӣ (раво шудан) муродот навозиш менамуд. Дар аснои ин ҳол:
Байт:
Дари зикри Ҳотам касе боз кард,
Дигар кас сано гуфтан оғоз кард.
Малик аз он биранҷид ва оташи ғазабашу арақи ҳасадаш дар ҳаракат омада, бо худ андеша кард, ки ҳеҷ гуна забони аҳли замон аз зикри Ҳотам хомӯш нест ва сифати некӯкорӣ ва меҳмондории ӯ бар дили мардум фаромӯш не. Ҳамон беҳтар, ки ба дастёрии маллоҳи фикр киштии умри ӯ дар гирдоби фано афканам ва ба мададгории устоди андеша рақами номи ӯро аз лавҳи зиндагонӣ маҳв кунам. Байт:
Ки то ҳаст Ҳотам дар айёми ман,
Ба некӣ нахоҳад шудан номи ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор