Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Чу ашки ошиқон гулгуну хушрав,
Ҷаҳонпаймотар аз Шабдизи Хусрав.
Ба вақти ҳамла барқосо ҷаҳанда,
Ба гоҳи пуя чун сар-сар даванда.
Султони Рум вазири худро гуфт, ки хабари саховати Ҳотам дар Арабу Аҷам фош шуда ва сити ҷавонмардияш аз Шарқ то Ғарб фурӯ гирифта ва ман шунидаам бад-ин сифат аспе дорад ва бад-ин латофат маркабе, мехоҳам, ки нақди ӯро бар маҳаки эътибор биёзмоям ва сурати даъвии ӯро дар маҳкамаи маънӣ имтиҳон намоям ва кас ба талаби он маркаб ба қабилат фиристам. Маснавӣ:
Ман аз Ҳотам он асби тозинажод
Бихоҳам, гар ӯ макрамат карду дод.
Бидонам, ки дар вай шукӯҳи беҳист
В-агар рад кунад, бонги табли тиҳист!
Пас, элчӣ бо тӯҳфаву ҳадоё, ки лоиқи Ҳотам буд, фиристод ва ба андак замоне элчии малики Рум ба қабилат расида дар ҳаволии манозили Ҳотам нузул кард ва қазоро, мақрини расидани элчӣ борону барф расидан гирифт ва раъду барқ ва соиқаву амсоли он падид омад. Ҳотам меҳмонро дилдорӣ дода, ба манзили шоиста овард ва филҳол бифармуд, то асбе бикуштанд ва таъоме мӯҳайё карда, назди меҳмон овард. Баъд аз фароғати таъом асбоби истироҳат омода сохта, аз хайма берун рафт ва он шаб аз ҳеҷ навъ сухане нагузашт. Илассабоҳ, ки ба узрхоҳии меҳмон омад, элчӣ маншури султони Рум бо ҳадоё, ки фиристода буд, ба Ҳотам намуд. Чун Ҳотам бар мазмуни он фармон иттилоъ ёфт, бағоят андешаманд ва мутафаккир шуд ва элчӣ бар асари малолат, ки бар ҷабини Ҳотам буд, мушоҳида фармуд, гуфт: Эй ҷавонмард, агар дар додани асб музоиқа дорӣ, аз ҷониби мо низ чандон муболиға нест. Ҳотам ҷавоб дод, ки маро аз ин ҷинс асб агар ҳазор бошад ва камтар касе аз аҳли рӯзгор аз ман талабад ба ҳеҷ ваҷҳ музоиқа дар ҳайзи (доира) тасаввури ман наёяд, хусусан, ки султони азимушшоне маро ба талаби як асб муаззаз сохта ва ба ҷиҳати ин ҳазин (ҳасрат) расуле бузургвор ирсол намуда. Андешаи ман аз таҳайюр аст ва тафаккури ман аз таҳассур (ҳасрат кардан), ки чаро зудтар хабар наёфтам, то он асб талаф нашудӣ. Маснавӣ:
Ман он бадрафтори дулдулшитоб,
Зи баҳри шумо дӯш кардам кабоб.
Ки буд зулмати тира аз пешу пас,
Ба сӯи рама раҳ намеёфт кас.
Ба навъе дигар равву роҳам набуд,
Ҷуз ӯ бар дари боргоҳам набуд,
Мурувват надидам зи ойини хеш,
Ки меҳмон бихуспад дил аз фоқа реш.
Маро ном бояд дар иқлим фош,
Дигар маркаби номвар гӯ мабош.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор