Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дилам месӯзад аз дарди ҷудоӣ,
Чӣ будӣ гар набудӣ ошноӣ.
Ҷавон муболиғае, ки зиёда аз он нашояд меҳмонро истидъои (хоҳиш) иқомат мефармуд ва марди айёр ба анвоъи эътизор мутамассик шуда, иҷобат наменамуд. Байт:
Наёрам шуд албатта ин ҷо муқим,
Ки дар пеш дорам муҳимме азим.
Ҷавон гуфт: «Маро ташрифи маҳрамият арзонӣ дор ва муҳимме, ки ҳаст бо ман дар миён ор». Меҳмон чун караму хушхӯйӣ ва ҷавонмардиву дилҷӯии мизбонро мушоҳида намуд, бо худ тааммул кард, ки ин муҳими куллӣ, ки маро дар пеш аст бе инонати (кӯмак) чунин ёре ва бе аз дастёрӣ аз ин гуна мададгоре, ки ба сифати муруввату корсозӣ ва ҳиммати футувват ва ғарибнавозӣ мавсуф ва мавсум аст, саранҷом нахоҳад ёфт. Ҳеҷ беҳ аз ин нест, ки парда аз рӯи кор бардошта, рози худ бо ӯ боз намоям ва ин озодмардро бо худ ёр сохта, рӯй ба итмоми он муҳим оварам.
Маснавӣ:
Домани ёре ғарат афтад ба даст,
Фориғу озод тавонӣ нишаст.
Қори ту аз ёр мукаммал шавад,
Мушкилат аз ҳамнафасон ҳал шавад.
Писар аввал ин ҷавонро ба сабаби ихфои (махфӣ доштан) он муҳим савганд дод ва баъд аз таъкиди бениҳоят он сирро бо вай дар миён ниҳоду гуфт: Шунидаам, ки дар ин навоҳӣ Ҳотам ном касе ҳаст, ки дар ҷавонмардӣ рукни мадори алайҳа ва дар эҳсону мардумнавозӣ бузургии мушориуллайҳ аст ва подшоҳи Яман аз ӯ дағдағае дар дил ва хадшае (хавф) дар хотир дорад ва ман марди парешонрӯзгор ва ошуфтаҳолам ва маишати ман аз айёрӣ ва дуздӣ мегузарад ва дар ин вило султони Яман маро талабида ва ваъдаи молу матоъи фаровон карда, ба шарти он, ки Ҳотамро пайдо карда, ба қатл орам ва сари ӯро ба тӯҳфа назди малик барам ва ман ба зарурати ваҷҳи маъош ин суратро қабул карда бад-ин вилоят омадаам, на Ҳотам мешиносам ва на роҳ ба манзили ӯ мебарам. Аз дарвешнавозӣ ва ғарибпарварии ту аҷаб набошад, ки Ҳотамро ба ман намойӣ ва дар куштани ӯ шарти ҳамроҳӣ ва мададгорӣ ба ҷой оварӣ, то ман аз ӯҳдаи аҳди хеш берун омада бошам ва ба давлати муовинати ту аз мавоиди шоҳи Яман баҳраманд гардам. Ҷавон, ки ин суханон истимоъ намуд. Байт:
Бихандиду гуфто, ки ман Ҳотамам,
Сар, инак, ҷудо кун ба теғ аз танам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор