Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Гуфтаанд, маснавӣ:
Гар сифла ба ҷоҳ даст ёбад,
Бозори малак шикаст ёбад.
Дунон на сазои ҷоҳ бошанд,
Бал дархӯри банду чоҳ бошанд.
Гар сифла ба ҷоҳ даст ёбад,
Бозори малак шикаст ёбад.
Дунон на сазои ҷоҳ бошанд,
Бал дархӯри банду чоҳ бошанд.
Ва дигар уммол (амалдорон), чун бар раият ситам кунанд, ниятҳо бо подшоҳ бад шавад ва аз зироат ва иморат малулу мутанаффир гарданд ва мудохили султон кам гардад, озуқа ба лашкар кам расад ва чун лашкаре озуқа наёбад, сар аз хизмат тобад ва агар душман падид ояд, ёру мададгор андак буда, бад-ин ҷиҳат мулк аз даст биравад ва дар ин боб гуфтаанд.
Назм:
Зулми омил ҷаҳон хароб кунад,
Дили мазлумро кабоб кунад.
Андар орад ба коҳи мулк шикаст,
Домани офият равад аз даст.
Нӯшервон мӯбадро сано гуфт ва фармуд, то ин калимотро ба оби зар навиштанд. Боз гуфтаанд, ки қасри салтанатро чаҳор қоима (поя) аст, агар яке набошад муҳиммоти мулки ҷорӣ нагардад. Аввал, амире, ки атрофи мамлакатро муҳофизат кунад ва шарри душманонро аз шоҳу раият боздорад. Дуввум, вазире, ки хизматгорони султон ва мулозимони вайро тарбият диҳад ва мол аз ҷойгоҳ бистонад ва ба ҷойгоҳ харҷ кунад. Саввум, ҳокиме, ки аз тарафи султон тафтиши аҳволи халқ намояд. Доди заиф аз қавӣ бистонад, аҳли фиску фуҷурро хор ва мақҳур (дар қаҳр) дорад. Чаҳорум, соҳибхабари амин, ки пайваста ахбори шаҳру вилоят ва ҳолоти аъёну раият ба ҳазрати султон арз намояд. Филҷумла ҷамъе, ки султонро аз эшон чора нест ё арбоби сайфанд: чун амирҳову элчиён ва сипоҳиёну монанди он, ё асҳоби қаламанд: чун вузаро, муставфиён, чорасозон ва амалдорон. Тартиби маҷмӯи инҳо аз рӯи иҷмол он аст, ки ҳамаро ба чашми шафқат ва айни отифат бинад ва он чӣ ҳар якеро зарур аст, бад-он мӯҳтоҷ бошанд, аз эшон бознадорад ва ҳар қадам аз ӯҳдаву муҳимме, ки маҳфуз ба ӯ бошад, солим бурун ояд, кори худ бар ваҷҳе, ки бояду шояд, бисозад ва ӯро навозиш фармояд ва ҳар кӣ дар муҳимме таҳовун намояд ва тағофул варзад, аввал ӯро ба насиҳат огоҳ гардонад ва агар манъ нагардад, ба насиҳат гӯшмол диҳад ва ҳаргиз дар пайи изҳори айбҳо ва муқобиҳи (қабоҳати) мулозимон набошад ва ба шодии эшон изҳори баҳҷат (шодмонӣ) ва масаррат намояд ва ба масоиб ва андӯҳи эшон андӯҳу малол зоҳир намояд, ҳар якро дар тарбият ва тақвият ба мартабаи хос нигоҳ дорад, ки касе бо ӯ дар он мартаба шарик набошад, то миёни мулозимон кинаву ҳасад пайдо нагардад ва агар муҳимми баъзе аз эшон ба низоъ ва ҷидол анҷомад, ба зудӣ дафъ намояд, то моддаи хусумат қавӣ нагардад, ки аз эшон фасодоти куллӣ рӯй намояд. Бузургон фармудаанд, ки «инқитоъ (кандашавӣ) сарриштаи мамлакат вобаста ба низоъи умаро ва вузорост». Назм:
Чу як дил набошанд аъёни шоҳ, Шавад кори шоҳу раият табоҳ, Зи аркони давлат назебад низоъ, Ки ситеза орад алал-инқитоъ.
Ситеза ба ҷое расонад сухан, Ки вайрон кунад хонадони куҳан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор