Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Баҳман аз ҳакиме пурсид, ки асоси тарбияти мулозимон ба чӣ чиз бояд намуд? Ҷавоб дод, бар ду чиз бояд намуд. Яке лутф ва яке қаҳр бояд, ки ҳамеша асари қаҳр ва назари лутфи султон ба худдом (ходим) зоҳир бошад. Ба қаҳр бигирад, то далер нашаванд ва ба лутф даргузорад, то ноумед нагарданд. Дар «Нигористон» оварда, ки: «Тариқи ҳикмат дар тарбият он аст, ки ба нармӣ ва оҳистагӣ агар коре муяссар шавад, дар он вақт ташаддуд (дуруштӣ) ва сахтӣ набояд намуд ва агар ба хушунат (дағалӣ) ва сахтӣ ҳоҷат афтад рифқу нармӣ набояд фармуд, ки ҷароҳатро тавонад буд, ки ба неши эҳтиёҷ беш афтад, аз он ки ба марҳам».

Қитъа:
Ҳамеша раҳи лутф натвон гирифт,
Дар абру фикан чин ба ҳангоми хеш.
Набинӣ, ки марҳам наояд ба кор,
Чу гардад ҷароҳат сазовори неш.

Ҳукамо фармудаанд, ки ҳар киро султон хоҳад, ки тарбият кунад, то борҳо нақди ҳоли вайро бар маҳаки имтиҳон назанад ва сирри кори вайро ба тамоми надонад, ба дидаи тарбият дар вай назар накунад, ки бисёр вақт номустаъидеро тарбият кардаанд ва чун бар ахлоқу аҳволи вай иттилоъ ҳосил шуд ба зарурат аз назар андохтаанд ва бардоштану зуд наафкандан сутуни салтанатро музирро (фирӯз) аст. Дар ин боб гуфтаанд.

Ва чунончи бардоштаро ба зудӣ биафгандан муносиб нест, ба зудӣ хушнуд шудан аз касе, ки бар ӯ хашм гирифтаанд, ҳам маҳмул ба хиффат (сабукӣ) аст, чӣ миёни хашму ризо бояд, ки муддате бигузарад, то азму саботи (истодагӣ) подшоҳ зоҳир гардад. Овардаанд, ки рӯзе яке аз хулафо бо вазире сухан мегуфт, дар аснои муколама аз вай калимае шунид, ки муносиб набуд. Фармуд, ки ӯро аз маҷлис берун карданд. Он бечора умед аз зиндагонӣ бурида дар гӯшаи қошона нишаст ва ба ноком шарбати талхи сабру таҳаммул таҷарруз (култ-култ нӯшидан) карда, мегуфт.

Байт:
Дило, зи ҳоли бади худ ҷазаъ1 мақул зинҳор,
Сабур бош, ки некӯ шавад ба охир кор.

1 Ҷазаъ — беқарорӣ.

Аммо чун муддати муҳоҷират дер кашид ва кор ба ҷону корд ба устухон расид, қиссаи худро навишта ба яке аз маҳрамони вилоят дод, то ба вақти фурсат ба мавқифи арз расонад. Халифа бихандиду гуфт: «Ӯро чандон гуноҳе нест, ки мӯҷиби ҳирмон (маҳрумӣ) бошад». Гуфт: «Чун, чунин аст чӣ шавад, ки он бечораро дар маҷлиси ҳумоюн роҳ диҳанд». Халифа фармуд: «Ҳар коре ба вақте бозбаста аст ва ҳар муҳимме ба замоне мавқуф монда, ки то замони он муҳим дарнаояд ва вақти он кор дарнарасад ҷаҳду кӯшиш фоида надорад». Байт:

пешина
аз 242
навбатӣ