Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
ДАР ТАРБИЯТИ ХАДАМ ВА ҲАШАМ
Ин боб муштамил бар ду қисм аст. Қисми аввал, дар тарбияти мулук мар мутааллиқон ва мулозимонро.
Қисми дуюм, одобе, ки мулозимони султонро риоят бояд фармуд.
ҚИСМИ АВВАЛ
Ҳукамо гуфтаанд: Султонро аз аркони давлат ва сардорони ҳазрат ва соири мулозимон ва мутааллиқон гузир нест. Аз барои он ки ҳар касе, ки баъзе аз мамолики арсаи замин дар арсаи тасхири вай бошад ва ҷамъе аз одамиён дар қайди тасарруфи ӯ бошанд, мар ӯро зарур аст, ки назар дар ҷузъиёт ва куллиёти мамлакати худ бар қонун эҳтиёт бикунад ва аз рӯи яқину фаврӣ умури руаё ва зердастон бирасад. Ва ҳоли ҳар яке аз аъёну авсоти мамлакати худ бидонад. Дар таҳқиқи ин амр ду гӯш ва ду чашм кифоят нест, балки гӯши бисёр ва чашми бешумор лозим аст. Пас, бояд ки ҷамъе донову хушманд, нексиришту бетамаъ ва баландҳиммат лозими вай бошанд. То молики гӯшҳо ва чашмҳои ҳама бошад. То ба гӯши ҳама ахбори мамолик бишнавад ва ба дидаи маҷмӯъ дар ҳақоиқи муҳиммот назар кунад. Ва ҳароина ин ҷамъро, ки дар истимоъи ахбор мутанаввеъ ва мушоҳидаи атвори гуногун ба масобаи самъу басаранд риояти куллӣ бояд кард.
То аз кори худ бознамонад ва пайваста ба расонидани ахбор ва арз кардани аҳвол машғул бошанд, ки ҳеҷ чиз мулукро зиёнтар аз ин нест, ки ахбори атрофи вилоят ва сурати ҳоли раъият аз султон мунқатеъ гардад.
Дар китоби «Сироҷ-ул-мулук» овардаанд, ки Нӯшервон аз мӯбади мӯбадон (донишманд ва соҳиби дайри оташ) пурсид, ки заволи мулк дар чӣ чиз аст? Гуфт:
Дар се чиз. Аввал, дар пӯшидани хабарҳо аз подшоҳ.
Дуввум, тарбияти мардуми фурӯмоя. Саввум, дар зулми амалдорон. Нӯшервон гуфт: «Ба чӣ далел ин сухан мегӯйӣ?» Ҷавоб дод, ки чун хабари вилоят ва раият аз султон инқитоъ ёбад ва аз дасти душман фориғу ғофил бошад, ҳар кас ҳар чӣ хоҳад кунад ва чун ӯ бехабар аст, анвои фитна аз ҳар гӯша барзанад ва мамлакат дар сари аҳли фитна равад. Дигар, мардуми дун ва арзал (разил) чун тарбият ёбанд, аз сифлагӣ ба ҳиммати ҷамъи мол ҳарис бошанд ва ба ҳар кас тамаъ кунанд, қадри акобир ва ашроф нашносанд, ҳурмати мардуми бузург фурӯ гузоранд ва дилҳои халойиқ ба сабаби ин ахлоқ ранҷида шавад. Лоҷарам ҳимматҳо баргуморанд, то аз мураббӣ ва музаббӣ, халосӣ рӯй намояд. Аз ин ҷо гуфтаанд: «Завол-уд-давлати би иртифоъис-сифляти» (Заволи давлат ба тараққӣ ёфтани бехирадон аст). Чун сифларо тараққӣ даст диҳад, давлат рӯй ба таназзул ниҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор