Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Чун руқъа ба волӣ расид ва бар он иттилоъ ёфт дар ҷавоб навишт. Байт:
Онро, ки зи рӯи лутф дархост кунӣ, Кораш ба салоҳ орию рост кунӣ.
...Дар сиёсати Тамғоҷхон мазкур аст, ки ҷавонеро ба тӯҳмати дуздӣ гирифта назди вай оварданд, ки бағоят соҳибҷамол буд:
Ҳарчӣ бар сафҳаи андеша кашад килки хаёл,
Шакли марбуъи ту зеботар аз он сохтаанд.
Подшоҳ фармуд, то бар сари чаҳорсӯи шаҳр дасти ӯ бибурранд. Аркони давлат фиғон даргирифтанд ва дасторҳо аз сар баргирифтанд: Эй малик, аз сари гуноҳи ин ҷавон даргузар, ӯро ба шафоати мо мавқуф фармо. Малик фармуд, ки маро дар ин муҳим мадхале нест, аммо талаби қонун аст, ки дасти ӯ бибурид. Гуфтанд: Эй малик, чунон дасте ки ӯ дорад, буридан ҳайф аст ва моро бар он даст раҳм меояд. Гуфт: «Шуморо бар дасти нозуки дузд набояд гирист, балки ба дарди пурхуни соҳибколо назар бояд кард, то ин ғам бар дили шумо саҳл гардад».
Дигар риояти ҳаққи касест, ки андак ошноӣ дошта бошад ё рӯзе хизмати реза (хурде) карда ва гарчи ин васила ба ғоят андак аст, аммо назари карам онро бузург месозад ва то ба он баҳона фақиреро бинавозад.
Овардаанд, ки шахсе хонаи шахсе ба кироя ситонда буд. Рӯзе чанд он ҷо ба сар бурда, ногоҳ аз он хона берун рафт ва аз он шаҳр сафар карда ба вилояти дигар афтод ва он ҷо бар мансаби вазорат расид. Он фақир, ки хона ба ӯ ба кироя дода буд, бархосту рӯй бар хидмати ӯ ниҳод ва чун ба он шаҳр расид аз гарди роҳ рӯй ба боргоҳи вазир овард. Хост, ки ба даргоҳ дарояд. Ҳоҷибе истода буд, гуфт: «Чӣ касӣ ва ба чӣ ҷуръат ба ин боргоҳ дармеоӣ?» Гуфт: «Ошнои вазирам, маро ошнои бар ин густохӣ медорад». Ҳоҷиб пурсид, ки чӣ ошноӣ дорӣ бар вай. Гуфт: «Вақте хона ба кироя ба ӯ дода будам. Ҳоло омадаам, то назаре дар кори ман кунад ва маро аз пастии мазаллат ба баландии иззату ҳурмат барорад». Ҳоҷиб бихандиду гуфт: «Ту марди нодон будай. Ин саҳл василаест, ки хона ба кироя дода будам. Инро ҳаққе тасаввур кардӣ ва омадай, ки риояти ҳақ дарёбӣ. Бирав, сари хеш гиру муҳимми дигаре дар пеш». Қазоро вазир аз паси парда ин гуфтушунид истимоъ (гӯш) менамуд. Ҳоҷибро талабида гуфт: «Бо кӣ сухан мегуфтӣ?» Гуфт: «Марде омада, ки ман ошнои вазирам. Вақте хона ба кироя ба ӯ додаам.
Ман ӯро маломат мекардам, ки ин сухан магӯ. Ва ба чунин саҳл василаи қурби вазир маҷӯй ва таваққуи илтифот ва инъом мадор». Вазир гуфт: «Ғалат кардӣ, бирав, ӯро биёр, ки ошнои қадими ман аст. Ва ҳуқуқи хидмат дорад». Ва ҳоҷиб бирафту ӯро даровард. Вазир ӯро таъзими бисёр кард ва навозиши бешумор ба ҷой овард ва аҳволи атфоли ӯ бипурсид ва барои ҳар як тӯҳфаи табрикии бузургона тартиб дод ва ӯро дӯстком ва бо муроди тамоми ба манзил баргардонид. Маснавӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор