Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Нур деҳ аз меҳру вафо синаро,
Саҳл мадон сӯҳбати деринаро.
Рӯй магардон зи рафиқони хеш,
Ёд кун аз хидмати ёрони хеш.
Овардаанд, ки Абдуллои Тоҳир бори ом дода буд ва арбоби ҳоҷат муродоти худ арз мекарданд ва ба ҳосили мурод муроҷиат менамуданд. Шахсе даромад, ки эй амир, маро бар ту ҳам ҳаққи неъмат аст ва ҳам ҳаққи хидмат. Таваққӯъ дорам, ки ҳарду ҳақро риоят кунӣ ва маро ба дараҷаи қабул расонӣ. Абдулло гуфт:
«Ҳаққи неъмат кадом аст?» Гуфт: «Фалон рӯз дар Бағдод бо кавкабаи (кормандон) давлат аз дари хонаи ман гузар мекардӣ. Ман ба дари хонаи худ об задам, то гарде бар ҷомаи ту нанишинад. Неъмат он об аст, ки барои ту бар хок рехтам, ҳаққи он мехоҳам».
Байт:
Касе кӯ бар ту дорад ҳаққи обе,
Фаромӯшаш макун дар ҳеҷ бобе.
Абдулло пурсид, ки ҳаққи хизматат кадом аст? Гуфт: «Дар он маҳал ки ту савор мешудӣ, ман бидавидам ва бозуи ту гирифтам, ту савор шудӣ». Абдулло гуфт: «Рост мегӯй, ҳарду ҳаққи ту собит аст». Пас, ӯро тартиби тамоми дод. Назм:
Бузургоне, ки аҳли иқтидоранд,
Ҳама мискиннавозу ҳақгузоранд.
Зи ҷоми ҷоҳ бехушӣ на некуст,
Зи ҳамроҳон фаромӯшӣ на некуст.
Асоси макрамат бар ҳақшиносист,
Ба сурат ношиносӣ носипосист.
Дигар риояти ҳаққи карам бар зиммаи аҳли ҳимам (ҳиммат) аз қабили қароиз (қарзҳост), яъне карами худ на карами дигаре аз ин сурат чунон бошад, ки шахсе хоҳад, ки бо эшон дар изҳори ҳаққе, ки надорад ҳилла пеш барад ва аз маҳлака (ҳалокат) халос ёбад. Эшон онро донанд ва ба рӯи вай наёваранд ва риояти ҳаққи карам карда чунон намоянд, ки он фиребро надонистаанд ва он ғурурро нашнохтаанд ва он ниҳояти мурувват аст.
Овардаанд, ки якеро назди Зиёди Басрӣ оварданд ва ба қатли ӯ ишорат фармуд. Ҷаллод теғ баркашид ва хост, ки чашми ӯро барбандад. Бечора дарёи болоро дид, дар шӯр омада ва наҳанги аҷал даҳан боз карда тазарруъ оғоз кард, муфид наистод. Ба тавба истиғфор фармуд, суд надошт. Гуфт: «Эй амир, миёни мову шумо ҳурмати ҳамсоягист ва қурби мазору ҳамсоягиро дар шаръ мурувват ва мазҳаби футувват эътибори тамом аст. Агар дар риояти ҷониби ман таксире равад ва айбҷӯён забони таън дароз кунанд ва хӯрдагирон дари эътироз бикшоянд, ки амир ҳаққи ҳамсоягӣ нигоҳ надошт ва ҳамсоягонро поймоли ҷафо кард. Амир, фикр фармоед, ки хуни чун мани заиф рехтан ва худро нишонаи тири бало кардан аз ҳамчу туе, ки дар гулшани ахлоқи ту хоре нараста ва бар домани авсофи ту ғубори ситам манишаста аст бадиъ (нодир) ва баъид (дур) аст».
Қитъа:
Маро саҳл аст аз ҷон даст шустан, Чӣ ғам гар сад чу ман набуда гардад.
Чӣ хоҳӣ гуфт пеши нуктагирон, Туро гар остин олуда гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор