Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ғарат шодии ҳарду кавн орзуст,
Ба эҳсон дили соилон шод кун.
Вар озодият бояд аз ҳар бало,
Фақире зи банди ғам озод кун.

Дигар, ҳаққи дархости шафиъон риоят бояд кард.
Чи муқаррар аст, ки шафоат саволест ба забони тазарроъ. Албатта шафиъ яке аз аъёну ашроф хоҳад. Пас, эҳтироми каломи ин навъ мардум фармудан ва сухани эшон, ки дар бораи авф таҷовуз аз гуноҳи гунаҳгорон гӯянд, шунудан одати аҳли саодат бошад.

Овардаанд, ки яке аз акобир ва арбоби муҷриме назди Мансури халифа шафоат кард. Мансур гуфт: «Ин касро гуноҳи азим аст». Он азиз гуфт: «Ман ҳам гуноҳи азимро дархост мекунам, чи аз сари гуноҳони хурд бе шафоат метавон гузашт». Халифаро хуш омад ва шафоати ӯро қабул кард. Он муҷримро бибахшид.
Байт:

Онро, ки чунин шафиъ бошад,
Қадраш ҳама ҷо рафиъ бошад.

Дар «Нигористон» оварда, ки худовандони қудратро авф кардан аз хатоҳои зердастон нишони дафъати қадр аст ва аломати ҳимматбаландӣ ва баҳонаест, ки сабаби раҳмати эшон гардад. Овардаанд, ки якеро ба хиёнате мавсум карданд. Қиссаи ӯро дар маҳкамаи вилоят ба арз расониданд. Ба ҳабси ӯ ишорат фармуд. Муддати мазид зикри он маҳбус аз сафаҳоти замоир маҳв шуд. Ҳеҷ кас аз ӯ ёд накард. Бузурге дар он рӯзгор ба мазиди ҳақгузорӣ ва шарти вафодорӣ махсус буд. Ба маҳбус муҳаббате дошт. Ба волӣ руқъа навишт. Мазмун он ки даргузаштан аз ҷалолати гунаҳгорон иқдоми эшон вазифаи мароҳими аҳли ихтиёр ва авотифи арбоби ихтиёр аст. Ва он фақир маҳбуси дармондаест ба меҳнат гирифтор гашта ва наздик ба ҳалокат расида ва медонам, ки карами он Ҷаноб дар ҳалоси гирифторон баҳонаҷӯист. Агар домани исмати он зиндонӣ аз олудагии ин гуноҳ пок аст, ба халосӣ ва наҷоти ӯ ишораи олӣ ба арзонӣ бояд дошт. Агар ғубори гуноҳ бар гиребони ӯ барнишастааст ба оби авфу карам бояд шуст. Агар ғайр аз ин ду маъни сурати дигаре ҳаст, гуноҳи ӯро ба шафиъон бояд бахшид.
Қитъа:
Ба ҷавр шомилу инъоми ом бар ҳама кас, Турост фазл чу хуршеду файз чун борон.
Манеҳ дар оташи андеша бегуноҳонро, Ба оби авф бишӯ номаи гунаҳгорон.
В-агар ҷуз ин ду сифат ҳаст ҳолати дигар, Бувад барои чунин кас шафоати ёрон.

пешина
аз 242
навбатӣ