Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Азизуддавла бигрист ва гуфт: «Касеро, ки чандин мурувват бошад бо вай ҳарб кардан аз бемурувватист». Лашкар бозгардонид ва тааррузи (озор намудан) вай накард. Фард:

Мардумӣ кун ба ҷои душману дӯст,
К-аз мурувват зиён накард касе.

Шарти дигар дар меҳмондорӣ он аст, ки агар аз меҳмон ҷурме содир шавад ё қабл аз ин хатое воқеъ шуда бошад, чун аз хону эҳсони ӯ наволае тановул намояд аз сари он гуноҳ даргузарад.

Чунончи нақл аст, ки сесад асир аз душманони Маън ибни Зоир наздики ӯ оварданд. Хост, ки ба сиёсати эшон ҳукм фармояд. Кӯдаке аз миёни асирон бархесту гуфт: «Эй амир, ба Худо савганд, ки маро об диҳӣ ва ташна накушӣ». Маън фармуд, то ҷоми об ба дасти он кӯдак доданд. Дигар гуфт: «Эй амир, қавми ман ташнаанд. Агар ман об хӯрам эшон нахӯранд аз мурувват дур бошад ва агар об нахӯранду ташна монанд.
Албатта чун сиёсат хоҳӣ кард, ҳамаро об деҳ». Бифармуд, то ҳамаро об доданд. Чун ҳама об ошомиданд, кӯдак бархосту гуфт: «Эй амир, мо ҳама меҳмони ту шудем ва меҳмонро куштан расми аҳли карам нест».
Маън аз фасоҳати вай мутааҷҷиб шуд ва ҳамаи асиронро озод кард.

Ба ин навъ ҳикояте овардаанд, ки яке аз умаро маблағи мол дар зиммаи касе дошт ва он кас дар адои он дарангӣ менамуд. Ӯро ба сарҳанг супурд, ки он мол аз вай биситонад. Сарҳанг ӯро ба хонаи худ бурда ташард (сахтӣ) менамуд ва он илтимос кард, ки маро назди амир бар, ки сухани воҷибулАрз дорам ба хидмати вай гӯям.

Сарҳангро бар вай раҳм омад ва ӯро ба хонаи амир овард. Қазоро хон кушода буданд. Сарҳанг бар сари хон биншаст ва он мардро бар сари хон бинишонд ва чун таом хӯрда шуд, амирро чашм бар он кас афтод.
Сарҳангро гуфт: «Чун ин мард меҳмон бошад ва аз хони мо тановул намуд, ӯро ранҷонидан мурувват набошад. Ман он молро бар вай бахшидам, бигзор, то биравад».

Қитъа:

Андар оини меҳмондорӣ,
Ҳурмати меҳмон бояд дошт.
Бар лаби ҷӯйбори меҳмонӣ,
Ҷуз ниҳоли карам нашояд кошт.

Дигар, риояти ҳаққи соилон лозим аст. Агар ба таъриз (киноя) хоҳанд... Ҳар соилро ҳаққест. Агарчи бар асбе савор бошад. Ин муболиға барои он аст, ки то ҳаққи савол зоеъ нашавад. Дар калимоти Исавӣ омада, ки ҳар ки соилро ноумед гардонад як ҳафта фариштагони раҳмат дар манзили вай нараванд. Султон Иброҳими Адҳам дар замони салтанати худ мефармуд, ки неку дӯстонанд, ин соилон, ки ба дарҳои хонаи мо меоянд: «Ки ҳеҷ доред, ки ба мо бидиҳед...». Қитъа:

пешина
аз 242
навбатӣ