Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Сиёсате ба гумон расми маъзалат набвад,
Ки то яқин нашавад, хуни кас нашӯяд рехт.
Ба ҳар диёр, ки ҳукм аз раҳи гумон бошад,
Ба зуд-зуд бибояд аз он диёр гурехт.
...Аз ҳакиме пурсиданд, ки сабаби ғафлати баъзе аз мулук чист? Гуфт: Се чиз ҳаст, ки подшоҳро аз мамлакат ва раият бехабар гардонад: Аввал, шаҳват ва мутобиати ҳавои нафс, ки ҳарке ба савдои нафс ва орзуе дармонад, парвои ҳеҷ кас ва фароғати ҳеҷ чиз надорад:
Ҳар ки аз савдои шаҳват маст шуд,
Кори ӯ якборагӣ аз даст шуд.
Машҳур аст, ки шахсе Искандарро гуфт: «Ту подшоҳӣ ва бағоят бузургӣ. Занони бисёр дар ақди худ овар, то фарзандони бисёр шаванд ва аз ту ёдгор монанд». Гуфт: «Ёдгори ман адл аст ва некномӣ. Зишт бошад, ки касе бар мардон ғолиб омада бошад ва ба охир забуни занон гардад:»
Барои якдама шаҳват, ки хок бар сари он,
Забуни зан шудан оини шермардон нест!
Дуввум, аз сабаби ҳирс бошад бар ҷамъи молу ниҳодани ганҷ ва ҳеҷ сифате мар мулукро нописандидатар аз ҳирси мол ҷамъ кардан нест, зеро ки ҳирс дар ҷамъи мол парвои ҳалолу ҳаром накунад ва ғами мулк ва раият нахӯрад, балки нахоҳад, ки ғайри ӯро молу маноле бувад ва ҳама худро хоҳад ва бо ин ҳама ҳанӯз сер нашавад. Байт:
Косаи чашми ҳарисон пур нашад,
То садаф қонеъ нашад пур дурр нашад.
Севвум, аз онҳо ки ғафлат орад, шароб хӯрдан аст. Ва подшоҳ бояд ки аз мастӣ бипарҳезад, зеро ки чун маст шавад аз мулку мол бехабар гардад ва мулозимон ба ҷиҳати он ки ӯро ғофил ёфтанд, ҳарчӣ хоҳанд бо ҳар кӣ хоҳанд бикунанд.
Байт:
Бехабар он мард, ки чизе чашид, К-аз қадами бехирадӣ даркашид.
ДАР ФАРОСАТ
Ва он шарти куллӣ бошад дар ҳукумат ва бар аҳли ихтиёр воҷиб аст ва ба айни басират дар савобиқу лоиқи ҳар ҳодисае, ки воқеъ шавад, назаркунандагони ин воқеа ба ғоят равшан ва ҳувайдо бошад. Ба он чӣ муқтазои адл ҳаст ба он ҳукм фармоянд ва агар сирри он нек зоҳир нест ба нури фаросат дарки он бояд кард ва эътимод бар қавли ноқилон набояд намуд ва бузургон гуфтаанд:
Зеби ҳукумат ба зевари фаросат аст!..
Фаросат ҳикматест, чунон бошад, ки ҳукамо ба таҷриба онро дарёфтаанд ва далелҳои онро аз шаклу ҳайъат мушоҳида карда ва ағлаби он рост ояд ва ҳукамои замони Нӯшервон ҷиҳати фаросат рисолае сохта буданд. Пайваста онро мутолиа кардӣ ва аз рӯйи фаросат ҳукм фармудӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор