Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Овардаанд, ки рӯзе марди кӯтоҳе ба назди Нӯшервон даромад ва тазаллум намуд, ки марде ситамрасидаам. Нӯшервон гуфт: «Дурӯғ мегӯйӣ. Ҷиҳати он ки дар илми фаросат гуфтаанд, ки ҳар кӣ кӯтоҳқомат бувад пурҳила ва маккор бошад. Пас, ин мард бедодгар аст на ситамёфта». Пас, тафаҳҳус карданд он чунон буд:
Фаросат дидаи дил баркушояд, Ҳар он ҳоле, ки бошад вонамояд.
Дар таърих мазкур аст, навбати дигар ҳам марди кӯтоҳқомат дар пеши Нӯшервон додхоҳӣ кард ва гуфт:
«Касе бар ман ситам кардааст». Нӯшервон фармуд, ки касе бар мардуми кӯтоҳ ситам натавонад кард. Гуфт:
«Эй шоҳ, он кас, ки бар ман ситам кардааст аз ман кӯтоҳтар аст». Нӯшервон табассум фармуд... Бидон, ки ҳукамо дар мақомати худ гуфтаанд: ранги сафеди муфрад ё кабудиву сабзии чашм далелест бар сахтрӯй ва бешармӣ ва хиёнату фиск ва заъфи ақл ва рақоқати рой бошад. Агар паҳнпешонӣ ва бар сар мӯйи бисёрдор бошад ҳукамо мегӯянд, ки ҳазар кардан аз чунин кас лозимтар аст, ки аз афъии мори бадтар. Ҳукамо гуфтаанд, ки мӯи дурушти майгунӣ мӯътадил нишони шуҷоат ва сиҳатии димоғ аст ва мӯи нарм нишони баддилии ва тарсандагӣ бошад ва иллати камфаҳмӣ аст.
Бисёрии мӯи бар китфҳо нишони ҷуръат асту ҳамоқат.
Бисёрии мӯӣ бар сина ва шикам нишони ваҳшати табъ ва кундфаҳмӣ ва майл ба ҷавр аст. Зардии мӯӣ нишони ҳамоқат аст ва тасаллуту зуд хашм гирифтан. Мӯйи сиёҳ нишони ақлу идрок бувад ва дӯст доштани ақл.
Мӯи мутавассит миёни сурхӣ ва сиёҳӣ нишони эътимоди сифат бувад. Ҳукамо гуфтаанд, ки пешонии фарох, ки ба рӯй хутут, яъне чину шиканҷ набошад, нишони хусумату балост ва шағабу лофу газоф бувад. Пешонии борик ва наҳиф нишони фурӯмоягӣ (пастӣ) ва оҷизӣ бувад ва пешонии мутавассит, ки бар вай шикан бошад, нишони сидқу муҳаббат ва фаҳму илм ва ҳушёрӣ бувад. Гӯши бузург нишони ҷаҳл аст, лекин соҳиби онро қуввати ҳифз бошад ва тундхӯй бувад ва дар баъзе авқот гӯши хурд нишони аҳмақӣ ва дуздӣ бошад.
Гӯши муътадил нишони эътидоли аҳвол. Абрӯи бузурги бисёрмӯӣ нишони дуруштӣ бувад дар сухан. Абрӯи кашида то наздики садъ (гӯш) нишони лофу такаббур.
Абрӯи сиёҳи мутавассит дар кӯтоҳӣ ва дарозӣ нишони фаҳм ва диёнат бошад. Ва бадтарин чашмҳо азрак (осмонранг) аст. Чашми калон низ назарнишони хусуду хоинӣ ва беҷоиву коҳилӣ бувад ва қалти (гардиш) ҳаракати он нишони нодонӣ ва кундфаҳмии бувад. Суръати ҳаракати чашм ва тезии назар нишони ҳиллаву макр ва дуздӣ бошад. Сурхии чашм нишони шуҷоат ва далерӣ бувад. Ва нуқтаҳои зард бар гирди сиёҳии чашм нишони фитнаву шар ангехтан бошад. Чун чашм мутавассит бувад, миёни бузургиву хурдӣ ва ростиву диёнат бошад. Бинии борик нишони чарбзабонӣ ва нармӣ бошад. Бинии каҷ нишони шуҷоат бувад. Бинии паҳн нишони шаҳват ва дӯстӣ бошад. Фароҳии сӯрохии бинӣ нишони ғазаб бошад. Сатбарӣ (гандагӣ) миёни бинӣ ё паҳнии сари бинӣ нишони бисёрсуханӣ ва дурӯғгӯӣ бувад. Бинии мутавассит дар сатбарӣ ва борикӣ ва дарозиву паҳнӣ нишони фаҳму ақл бувад. Далоили лабу даҳон ва даҳони фарох нишони роҳи савоб ва шуҷоат аст. Сатбари лаб нишони ҳамоқат ва эътидоли лаб бо сурхӣ нишони роҳи савоб аст. Дандонҳои каҷу ноҳамвор нишони макру ҳилла ва хиёнат бувад. Дандонҳои кушода ва ҳамвор нишони адолат ва амонат ва тадбир бувад. Рухсораи пургӯшт нишони ҷаҳл ва дуруштхӯй бувад ва таррорӣ. Зардии рухсора нишони хубси (бадии) ботин бувад. Тавассути ин маъни нишони эътидол бувад. Овози баланд нишони шуҷоат бувад. Овози борик нишонӣ бадгумонӣ. Таваҳуми овози мӯътадил нишони ҳусни кофист. Виқор (тамкин) дар сухан нишони хубист. Ҳаракати даст ба вақти сухан гуфтан нишони зиракӣ. Гардани кӯтоҳ нишони макру хубс бувад. Гардани дарозу борик нишони бедилӣ ва ҳамоқат бувад. Гардани сатбар нишони ҷаҳл ва пур хӯрдан бувад. Гардани мутавассит нишони сидқу адл ва тадбир бувад. Шиками бузург нишони ҷаҳл ва ҳасосат ва номардиву фитна бувад. Латофати шикаму сина дар эътидол нишони ҳусни рой ва сафои ақл бувад. Фарохии шона нишони шуҷоат ва хуфти ақл бувад. Ангуштони дароз нишони зиракӣ бошад ва сифату аломати тадбири корҳо. Ғозаи (сурхӣ) соқ нишони нодонӣ ва меҳнатрӯй бошад ва эътидоли он нишони эътидоли ҳол бувад. Аз ин миқдор аломати фаросат ҳокими оқилро дар тафаҳҳуси аҳволи халқ кифоят бувад. То ин ҷо сухани соҳиби «Захира» аст. Ва дар ин боб нуктае донистанӣ аст ва ончунон бошад, ки авсофе, ки ҳукамо ба ин далоил зикр кардаанд барои авом-ун-нос ва касонест, ки дар табдили ахлоқ накӯшида бошад ва аз сифоти баҳимӣ (ҳайвонӣ) нагузашта ба мартабаи инсоният нарасида. Агар касе ахлоқу авсофи худро ба сабаби риёзат ва талқини машоих тарбият ва тақвияти уламо ва иттилоъ бар ахбор ва осори қудамо ба салоҳ оварда бошад, бо вуҷуди далоили шарр ҳукм бар шарорати ӯ натавон кард... Қитъа...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор